Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Анқара: Москва ба курдҳо силоҳ медиҳад

Анқара: Москва ба курдҳо силоҳ медиҳад

17-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Анқара: Москва ба курдҳо силоҳ медиҳад
Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия Русияро дар додани силоҳ ба Ҳизби мамнуи коргарони Курдистон айбдор кард.

Расонаҳои хабарии расмӣ суханони президенти Туркияро нашр кардаанд, ки гуфтааст, Москва тариқи Сурияву Ироқ ба курдҳо силоҳ интиқол додааст.

Намояндагони мақомоти турк ҳам ин изҳороти зидди Москави Урдуғонро тасдиқ кардаанд. Дар посух ба ин гуфтаҳои президенти Туркия муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов гуфтааст, "агар касе чизе мегӯяд, бигзор исбот кунад".

Президенти Туркия қаблан ҳам Москваро дар ҷонибдории курдҳо дар Сурия айбдор карда буд. Равобити Анқараву Москва дар пайи сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия аз сӯи нерӯҳои Туркия дар моҳи ноябри соли гузашта ба сардӣ гароид. Баъди ин ҳодиса Владимир Путин, президенти Русия зидди Туркия таҳрим эълон кард, ки боиси коҳиши табодули коло миёни ду кишвар гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: