SIPRI: ИМА ва Русия таслиҳоти ҳастаии худро нав мекунанд4-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бино бар гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои ҷаҳонии Стокҳолм (SIPRI), ки имрӯз мунташир шуд, шумори умумии кулоҳакҳои ҳастаии 9 кишвар назар ба соли гузашта 455 адад камтар шудааст. Ҳоло анбори таслиҳоти ҳастаии Иёлоти Муттаҳида, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон ва Кореяи Шимолӣ аз 15 395 кулоҳак иборат аст, ки аз онҳо 4120 кулоҳак дар ҳолати корбурди фаврӣ қарор доранд. Аммо ИМА ва Русия дар ҳоли мудернсозии анбори таслиҳоти ҳастаии худанд. Ба шумориши SIPRI то оғози соли 2016 Русия соҳиби 7290 буда, Иёлоти Муттаҳида 7000 кулоҳаки ҳастаӣ дорад. Фаронса наздик ба 300, Чин 260, Бритониё 215 кулоҳак доранд. Покистогн аз 110 то 130, Ҳинд аз 100 то 120, Исроил соҳиби 80 ва Кореяи Шимолӣ 10 кулоҳаки ҳаставиянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.