Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикистон Чинро дар қаҳрамонии футболи Осиё шикаст дод

Тоҷикистон Чинро дар қаҳрамонии футболи Осиё шикаст дод

22-10-2018, 08:31
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон Чинро дар қаҳрамонии футболи Осиё шикаст дод

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи “D” бар тими Чин бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бозии дувумашро дар гурӯҳи “D” 23-юми октябр бо мунтахаби Малайзия ва бозии севумашро 26-уми октябр бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Дар ин бозӣ, ки 20-уми октябр дар варзишгоҳи “Патриот Сандрабага”-и шаҳри Бекасии Индонезия барпо гардид, голи ягонаро нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 78-ум, ба самар расонд. Ӯ тӯбро аз масофаи дур ба дарвозаи мунтахаби Чин ворид кард.


Дар бозии дигари гурӯҳи “D” мунтахаби Арабистони Саудӣ имрӯз, 20-уми октябр, бар тими Малайзия бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Голҳои арабҳоро Ал-Умар дар дақиқаи 24-ум ва Салим дар дақиқаи 78-ум ба самар расонданд. Голи дастаи Малайзияро Файяд дар дақиқаи 88-ум зад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “D» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Судӣ ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Вале дастаҳои Чину Малайзия имтиёз нагирифтаанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола, ки дар Индонезия то 4-уми ноябр идома мекунад, барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) 16 даста дар чор гурӯҳ мубориза мебарад.


Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Агар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, онгоҳ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С”– Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун – рӯбарӯ мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар Индонезия 23 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исҳоқов (ҳарду аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (бозигари озод);

Ҳимоятгарон: Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳарду аз «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Барқчӣ»).

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Чин – 1:0

Гол: Шарафҷон Солеҳов, 78.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов (Абдулмуъмин Забиров, 90+4), Эҳсони Панҷшанбе (капитан), Шериддин Бобоев (Тоҳир Малодӯстов, 88).

Сармураббӣ - Мубин Эргашев.

Огоҳӣ гирифтанд: Кароматулло Саидов, Ваҳдат Ханонов, Алишер Баротов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Зиёвуддин Фузайлов (Тоҷикистон), Жу Чен Ҷие, Янг Ченг Лонг (Чин).

Бозигари беҳтарини дидор: Шарафҷон Солеҳов (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳанно Хаттоб (Сурия).

Нозири доварон: Ҷон Чиа (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Шун Китамура (Ҷопон).

20-уми октябр. Бекаси (Индонезия). Варзишгоҳи «Патриот Сандрабага». 153 тамошобин.

Арабистони Саудӣ – Малайзия – 2:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

2-1

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

3

Малайзия

1

0

0

1

1-2

0

4

Чин

1

0

0

1

0-1

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

23 октябр (сешанбе)

14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ

17:00 – Малайзия – Тоҷикистон

Даври 3-юм

26 октябр (ҷумъа)

17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

17:00 – Чин – Малайзия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Индонезия – Тайбэйи Чин – 3:1

Имороти Муттаҳидаи Араб – Қатар – 2:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Индонезия

1

1

0

0

3-1

3

2

Имороти Муттаҳидаи Араб

1

1

0

0

2-1

3

3

Қатар

1

0

0

1

1-2

0

4

Тайбэйи Чин

1

0

0

1

1-3

0

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Ҷопон – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Ироқ – Тайланд – 3:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

1

1

0

0

5-2

3

2

Ироқ

1

0

1

0

3-3

1

3

Тайланд

1

0

1

0

3-3

1

4

Кореяи Шимолӣ

1

0

0

1

2-5

0

Гурӯҳи «С». Даври 1-ум

Ветнам – Урдун – 1:2

Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 1:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

1

1

0

0

2-1

3

2

Австралия

1

0

1

0

1-1

1

3

Кореяи Ҷанубӣ

1

0

1

0

1-1

1

4

Ветнам

1

0

0

1

1-2

0


Нарзуллоҳи Латиф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: