Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Футболи Осиё-2019

Футболи Осиё-2019

17-09-2018, 08:06
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Футболи Осиё-2019

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар аввалин бозиаш дар марҳалаи аввали интихобии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола дар гуруҳи «С» аз тими Сингапур (U-16) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи шанбеи 15-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Ҳисобро бозигари мунтахаби Тоҷикистон Амина Собирова дар дақиқаи 12-ум боз кард. Вале баъдан духтарони футболбози тоҷик аз ҳамсолонашон аз Сингапур чор гол хӯрданд. Се голро Путри Нур Сялиза дар дақиқаҳои 14-ум, 19-ум ва 34-ум ва як голро Данелле Тан Ли Ерн дар дақиқаи 33-юм ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари гуруҳи “С” тими мунтахаби Эрон (U-16) ба дарвозаи дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ (U-16) 12 голи беҷавоб зад.

Натиҷаҳои гуруҳи "С"

Дар гуруҳи «С» барои дарёфти роҳхат ба даври баъдӣ дастаҳои мунтахаби духтарони зери 16-солаи Тоҷикистон, Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ ва Сингапур рақобат мекунанд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ то 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор идома меёбад.

Бозиҳои даври дувум рӯзи душанбеи 17-уми сентябр баргузор мешаванд. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Сингапур ваТайланд дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад. Баъдан соати 19:00 дар ин варзишгоҳ тимҳои Тоҷикистон ва Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ рақобат мекунанд.

Ба марҳалаи дувуми интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли оянда баргузор мешавад, ҳашт дастаи марҳалаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии охирини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон – ба мусобиқаи қитъавӣ, ки соли оянда доир мешавад, мустақиман роҳхат гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: