Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мунтахаби Тоҷикистон тими Непалро дар Бангладеш шикаст дод

Мунтахаби Тоҷикистон тими Непалро дар Бангладеш шикаст дод

3-10-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Мунтахаби Тоҷикистон тими Непалро дар Бангладеш шикаст дод

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ​дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") бар тими Непал бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ин бозӣ таҳти раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев шоми рӯзи 2-юми октябр дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка - баргузор шуд.

Дар нахустин бозии ин мусобиқа, ки 1-уми октябр дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт» доир гардид, мунтахаби Бангладеш тими Лаосро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»-и Силҳет барпо гардид, ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 27-ум, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев боз намуд.

Баъди он ки бозигари непалиҳо дар ҷаримагоҳи дастааш муқобили ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев қоидаи бозиро вайрон кард, сардовари бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Непал ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ таъйин намуд. Тӯбро Фатҳуллоев ба ҳадаф расонд.

Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро дар нимаи дувуми дидор,дар дақиқаи 69-ум, ҳамлагар Комрон Турсунов ба дарвозаи тими Непал ворид кард.


Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: дарвозабон - Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгарон - Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарсе аз «Истиқлол»), нимҳимоятгарон - Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарду аз ССКА «Помир»), ҳамлагар - Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Дар нимаи дувуми бозӣ Муҳсинҷон Абдуғаффоровро ҳамлагар Комрон Турсунов («Истиқлол») дар дақиқаи 66-ум ва Муҳаммадҷон Раҳимовро нимҳимоятгар Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ») дар дақиқаи 90+4 иваз карданд.

Дар нахустин бозии ин мусобиқа, ки 1-уми октябр дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт» доир гардид, мунтахаби Бангладеш тими Лаосро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол баъди бохт дар шаҳри Манила дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа аз мухлисони даста узрхоҳӣ намуда, аз вазифааш истеъфо дод.
Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар муддати ду сол дар мусобиқоти расмӣ ширкат нахоҳад кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Тухтаев муваққатан вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллии кишварро ба зимма дорад. Ин аввалин бозии мунтахаби Тоҷикистон баъди танаффуси шашмоҳа ба шумор мерафт.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.
Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро дар гурӯҳи «А» рӯзи панҷшанбе, 4-уми октябр, муқобили мунтахаби Фаластин анҷом медиҳад. Дар мавриди ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» ( Филиппин, Бангладеш ва Лаос) вориди рақобат мешаванд.


Бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар се варзишгоҳ доир шудааст. Бозиҳои сабқати гурӯҳӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт» дар Силҳет, бозиҳои ниманиҳоӣ дар шаҳри Кокс-Бозор, бозии ниҳоӣ бошад, дар Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка баргузор мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш:

Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.

Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1 октябр (душанбе)

Бангладеш – Лаос – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

2 октябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон - 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 2-юм

3 октябр (чршанбе)

17:30 – Филиппин – Лаос. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

4 октябр (панҷшанбе)

17:30 – Тоҷикистон – Фаластин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 3-юм

5 октябр (ҷумъа)

17:30 – Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

6 октябр (шанбе)

17:30 – Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Нимфинал

9 октябр (сешанбе)

13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «В». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

10 октябр (чоршанбе)

13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «В» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «А». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

Финал

12 октябр (ҷумъа)

17:30 – Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: