Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе оғоз мегарданд

Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе оғоз мегарданд

18-10-2018, 10:10
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе оғоз мегарданд

Октябрь 18, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18-19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегарданд. Бо ин мақсад ҳайати шаҳри Санкт –Петербург — раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Дмитрий Семёнович Чернейко, директори Муассисаи автономии давлатии «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и Санкт-Петербург Алексей Игорович Чистяков, мутахассиси пешбари шуъбаи кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Федератсияи Россияи Кумитаи муносибатҳои хориҷии Санкт-Петербург Юлия Генадевна Ракитская ва дигарон ба Душанбе ташриф оварданд. Баргузории мулоқоти ин ҳайат имрӯз, 18 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин рӯзҳо дар пойтахт баргузории як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ, дарсҳои ихтисосӣ (мастер-класс) оид ба вокал ва навохтани асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва барномаи консертии ҳунармандони театри «Маринский» барои сокинони шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд.

30 апрели соли 1999 Созишномаи нав байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ин ҳамкорӣ 25 сентябри соли 2017 ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанги ин шаҳр ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омада буд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина мулоқот карда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Душанбе ва Санкт-Петербургро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфрасохтори шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз иқтидори мавҷуда изҳори назар карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: