ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад.
Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина мулоқот кард.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Душанбе ва Санкт-Петербургро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баст, ки ба наздикӣ ба ин сана 26 сол пур мешавад. Баҳри густариши ҳамкорӣ 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфрасохтори шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳхои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз иқтидори мавҷуда изҳори назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот Протокол ба Созишнома байни Маъмурияти Санкт-Петербург ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ аз 28 апрели соли 1999 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии он барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид.
Ба он муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина имзо гузоштанд.
Анна Митянина аз омодагии қавии худ ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки доираи васеи субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли фарҳанги шаҳри Санкт-Петербургро муаррифӣ менамоянд, таъкид сохт, ки амалишавии ин иқдомот дар муносибатҳои бародаршаҳрии ҷонибҳо саҳифаҳои наву боэътимодро боз мекунад.
DSC_0379Нимаи дуюми ҳамин рӯз бо иштироки Анна Митянина ва Маҳмадсаид Зувайдзода дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр кард, ки ҳамкории гуногунҷабҳаи сохторҳои марбутаи пойтахти кишварамон бо пойтахти шимолии Федератсияи Россия — шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоли густариш қарор дошта, тарафҳо баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд, тадбирҳои муассир роҳандозӣ менамоянд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зикр кард, ки “санкт-петербургиҳо ба фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки дар муҳорибаи Ленинград иштирок намуда, барои аз фашистон озод намудани ин шаҳр ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меоранд. Дар лавҳаи фахрии шаҳри Санкт-Петербург сабт гардидани номи Тӯйчӣ Эрйигитов ва Ҳабиб Юсуфӣ далели абадан пос доштани хотираи ин ҷанговарони шуҷои тоҷик аст”.
Игор Лякин-Фролов ҳамчунин зикр кард, ки халқи рус, бахусус петербургиҳо фаромӯш намекунанд, ки халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ сокинони аз оташи ҷанг паноҳбурдаи шаҳри онҳоро бародарвор қабул намуда, як бурда нонашонро аз онҳо дареғ надоштанд. Онҳо барои ин аз тоҷикон сипосгузоранд.
«Дар Душанбе ҳам осори ҳамкории деринаи Санкт-Петербург ва шаҳри Душанбе ҳувайдост. Тарҳи сохтмони бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба меъмори санкт-петербургӣ тааллуқ дорад»,- афзуд Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина зикр кард, ки барои дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ду бародаршаҳр — Санкт-Петербург ва Душанбе тамоми шароит фароҳам омадааст ва барои тавсеа ёфтани онҳо монеае вуҷуд надорад.
Баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи шаҳри Санкт-Петербург иштирокдорони барномаи фарҳангӣ паси “мизҳои мудаввар” масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи барнома имрӯз Анна Митянина бо мақсади баррасӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода мулоқот намуда, шоми имрӯз ҳамроҳ бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Театри дапвлатии академии Мариинскийи Санкт-Петербург — Виктория Ястребова ва Владимир Селебровский барномаи фарҳангӣ тамошо менамоянд.