Отамбоев то охири сол аз Ҳиндустон ва Русия боздид мекунад19-12-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон то охири соли равон дар доираи як сафари расмӣ аз Ҳиндустон боздид ва дар саммити СПАД-и Санкт-Петербург иштирок хоҳад кард. Ба иттилои Дастгоҳи президенти Қирғизистон, зимни сафари Отамбоев масоили рушди минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамкории Қирғизистону Ҳинд дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд. Моҳи январи соли 2017 президенти Қирғизистон барои баррасии рушди муносибатҳои дуҷониба ба Чин сафар хоҳад кард. Қаблан низ хабар доданд, ки Отамбоев то охири соли равон сафари кориеро ба Ӯзбекистон анҷом дода ва қабри Ислом Каримов, президенти нахустини ин кишварро дар Самарқанд зиёрат мекунад. Вале ин хабар расман тасдиқ нашуд. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.