Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам12-10-2018, 08:23
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
11.10.2018 19:08, шаҳри Душанбе Нимаи дуюми рӯзи 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо карданд. Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ҳукумати кишварашро дар Ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагӣ мекунад. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, таъомҳои миллӣ, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд. Дар як гӯшаи махсус инчунин имкониятҳои сайёҳии кишвар дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Имрӯзҳо бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона, неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд. Мавриди зикр аст, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд. Имрӯз низ дар намоишгоҳи Боғи Ирам ба меҳмонон тамоми расму оини тоҷикона ва намунаи беҳтарини ҳунарҳову анъанаҳои хоси миллати тоҷик ба маъраз гузошта шуд, ки ба меҳмонон хеле мақбул афтод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.