Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАМОМИ ҲУНАРМАНДОНИ МАМЛАКАТРО РӮҲБАЛАНД НАМУД

СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАМОМИ ҲУНАРМАНДОНИ МАМЛАКАТРО РӮҲБАЛАНД НАМУД

2-10-2018, 09:25
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАМОМИ ҲУНАРМАНДОНИ МАМЛАКАТРО РӮҲБАЛАНД НАМУД
Дар маҳаллаи “Роҳи оҳан” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон ва ҳунармандони маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер аз намоиши ҳунарҳои сокинони маҳалла, ки ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карда, сипас дар суханронии худ қайд карданд, ки ин рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиятсияву созмонҳои соҳавӣ ва тамоми ҳунармандони мамлакатро руҳбаланд намуда, ин иқдоми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби аҳли ҷомеа бо хушнудӣ пазируфта шуд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия карда, бо мақсади ҷалби мардум ба ҳунарҳои аҷдодии хеш, бедор кардани завқи зебоипарастӣ дар замири ҷавонону наврасон ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон дар доираи он як қатор чорабиниҳои сатҳи маҳалро миёни ҷомеа баргузор карда истодааст. Ва ин иқдом то охири соли равон роҳандозӣ карда мешавад.
СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАМОМИ ҲУНАРМАНДОНИ МАМЛАКАТРО РӮҲБАЛАНД НАМУД
Дар охир миннатдории самимии худро ҳунармандони маҳалла ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамаҷониба дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: