Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиббу физиология эълом шуданд2-10-2018, 08:44
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи душанбе кумитаи Нобел номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб ва физиология -Ҷеймс Эллисон ва Тасуко Ҳондзорро эълом кард. Онҳо роҳи нави уммунотерапияи саратонро кашф карданд. Эллисон ба таҳқиқи сафеда, ки кори сохтори иммунитетро барои маҳви сулулҳои саратон заифтар мекунад, машғул буд. Ҳарду олим роҳи табобати меланома ва навъҳои дигари саратонро ёфтанд. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки Эллисон ва Ҳондзо бояд ду сол пеш ҷоизаи Нобелро соҳиб мешуданд. Чунин пешгӯиҳо бар пояи теъдоди зикри корҳои илмӣ матраҳ мешавад. Тасуку Ҳондзо соли 1942 дар Ҷопон таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1988 профессори донишгоҳи Киото аст. Ҷеймс Эллисон соли 1948 дар Амрико ба дунё омад. Ӯ профессори донишгоҳи Ҳюстон мебошад. Ҳафтаи равон ҳамчунин номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физика ва химия эълон мешавад. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 5 октябр маълум хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.