Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷоизаи Сахаров ба духтароне, ки тавонистанд аз асорати ДИ фирор кунанд

Ҷоизаи Сахаров ба духтароне, ки тавонистанд аз асорати ДИ фирор кунанд

29-10-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Ҷоизаи Сахаров ба духтароне, ки тавонистанд аз асорати ДИ фирор кунанд
Ҳомиёни ҳуқуқ аз Ироқ Нодия Мурод Баси ва Ломийя Аҷи Башор барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров дар соли 2016 эълон шуданд.
Ин ду духтар аз ҳуқуқи язидиҳо, гуруҳи мазҳабии курд ҳимоят карда, ба занону кӯдаконе, ки аз дасти ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) осеб дидаанд, ҳимоят мекунанд. Ломийя Аҷи Башор ва Нодия Мурод Баси соли 2014 ба асорати ҷангиёни ДИ афтода буданд. Ин ду духтар, ки қурбони бардагии ҷинсӣ шуданд, баъди чанд моҳ тавонистанд, аз дасти ҷангиён фирор кунанд.
Нодия Мурод моҳи декабри соли 2015 дар Шӯрои амнияти СММ баромад ва дар бораи қатли омми язидиҳо ва қочоқи инсон суханронӣ карда буд.
Ин ҳомии ҳуқуқи 23-сола моҳи октябри соли равон ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавелро ҳам соҳиб шудааст. Ҷоизаи 50 ҳазор евроӣ ба хотири чеҳраи намоёни шӯравии пешин Андрей Сахаров сар аз соли 1988 ба нафароне дода мешавад, ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро ҳимоят мекунанд. Маросими супоридани он 10 декабр баргузор мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: