Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хушхабар

Хушхабар

12-04-2018, 10:36
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Хушхабар
Толибшоҳи Давлат довталаби Ҷоизаи Нобел
Котиби масъали рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Толибшоҳи Давлат бо повести “Турнаҳо дар баҳорон”-аш аз ҷониби Созмони муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия барои дарёфти Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт пешбарӣ шудааст.
“Турнаҳо дар баҳорон”-и нависанда барандаи ду ҷоизаи байналмилалии дигар низ ҳаст. Қаблан дар озмуни “Новеллазия” барандаи ҷоиза ва мукофоти пулӣ гардид. Сипас, соли 2014 дар Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ (OCАBF-2014), ки дар он беш аз 450 нафар довталабон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Британияи Кабир, Руминия, ИМА, Ирландия, Олмон, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Укроин ва Гурҷистон ширкат варзиданд, беҳтарин асари бадеӣ эълон шуда, дар шаҳри Лондон ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр гардид.
Асар дар бораи сарнавишти пурмашаққати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Русия қисса мекунад. Ҳодисаҳо дар он реалӣ буда, муаллиф шоҳиди аксари онҳо будааст.
Умед дорем, ки Толибшоҳи Давлат дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ комёб шуда, номи Тоҷикистону адабиёти тоҷикро баландтар бардорад.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: