Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Гулрез» дари худро барои касбомӯзон боз кард

«Гулрез» дари худро барои касбомӯзон боз кард

8-01-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 478 нафар
Назарҳо: 0
«Гулрез» дари худро барои касбомӯзон боз кард
Рӯзи 8-уми январи соли равон, дар кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Синои пойтахт, боз як марказии омӯзишии дӯзандагӣ, ки бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон бо шароити касбомӯзӣ муҳаё гардидааст, дари худро барои бонувон боз кард.

Дар маросими баистифодадиҳии Маркази омӯзишии «Гулрез» Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Юе Бин, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси ҲХДТ, зимни ифтитоҳи Маркази омӯзишии «Гулрез», сараввал муҳассилини маркази омӯзиширо ба Соли нави мелодӣ табрик гуфта, кушодашавии чунин як марказро самараи ҳамкории ҲХДТ ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд ва ба Юе Бин, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон барои ҳамкории пайвастаашон бо ҲХДТ изҳори сипос намуд.

«Бисёр хурсандибахш аст, ки дар оғози соли 2016 чунин як маркази омӯзишӣ дарҳояшро барои занону духтарон боз намуда, имкон фароҳам овардааст, ки онҳо ҳунари худро сайқал дода, инчунин даромади иловагӣ пайдо намоянд»,-афзуд Раъно Бобоҷониён.

Юе Бин, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавсиф намуда, изҳор дошт, ки аз соли 2014 инҷониб ин панҷумин маркази омӯзишии дӯзандагӣ аст, ки бо мусоидати ҷониби кишвари ӯ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор мегирад.

«Гулрез» дари худро барои касбомӯзон боз кардМаркази омӯзишии мазкур дорои ду сехи дузандагӣ буда, пурра бо таҷҳизоти чиноӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва имкон дорад, ки дар ду баст зиёда аз 60 нафар занону духтарони хонашинро ба касбомӯзӣ фаро гирад. Зимни боздид, масъулини маркази омӯзишии «Гулрез» иброз намуданд, ки занону духтароне, ки дар ин ҷо ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, имкон пайдо мекунанд, ки дар боробари омӯзиш инчунин фармоиш қабул намуда, барои худ маблағ дарёфт намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин панҷ маркази омузишӣ, ки бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон фаъолият доранд, зиёда аз 300 нафар занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.
©Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: