Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ

Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ

7-01-2016, 14:30
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳМулоқот бо бошандагони Кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони маҳалла баргузор гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи ташвиқотию таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, устоди ДДҲБСТ Самад Болтуев ширкат варзида, доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар тули 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде набошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид.

Ноил гаштан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш, беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлат моро имрӯз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.

Ҳамзамон сокинони маҳалла доир ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баромадҳо намуданд ва зикр намуданд, ки ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари сулҳпарвару адолатпаноҳ мебошанд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: