Сайре дар Саразми бостонӣ18-09-2018, 08:40
Хабарро хонданд: 746 нафар
Назарҳо: 0
Тобистони ҳамин сол 15 рӯзи рухсатии меҳнатиро дар шаҳри Панҷакент гузарондам. Ҳар рӯз бо шиносҳо ва ёру дӯстон, ки дар вазифаҳои гуногуни шаҳрдорӣ кор мекарданд, якҷо нишаставу аз ҳар боб суҳбатҳои тӯлонӣ мекардем. Дар як нишаст сухан дар бораи ҷашнгирии 5500-солагии шаҳри қадимии Саразм рафт. Нафароне, ки борҳо аз димнаи ин шаҳри қадимӣ ва осорхонаи он дидан кардаанд, бо шавқу завқи баланд дар бораи Саразми қадимӣ сухан мекарданд. Аз ҷумла сарвари ҷанговарони башардӯст ва корманди шуъбаи фарҳанги шаҳр Баротов Алӣ Баротович нақл кард, ки солҳои охир барои ҳифзу нигаҳдории ин ёдгории таърихӣ дар мамнуъгоҳ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Банда, ки зодаи шаҳри Панҷакент ҳастам, бо вуҷуди дар бораи шаҳри қадимии Саразм чизҳои бисёр хондан ва маълумоти кофӣ доштан, бо сабаби серкорӣ чанд соли охир аз нн мамнӯъгоҳ дидан накарда будам. Зимни суҳбат Алӣ Баротович гуфтанд, ки пагоҳ ман шуморо ба сайри Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм мебарам. Рӯзи дигар ҳамроҳи Алӣ Баротович ба Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм рафтем. Димнаи шаҳри қадимии Саразм ва осорхонаи онро хуб тамошо карда, таассуроти зиёд гирифтам. Инак мехоҳам чанд таассуроти худро аз мутолиаи асарҳои илмӣ дар бораи Саразм ва мушоҳидаҳоям баён кунам. Саразм димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазораи 4–2 то милод) буда, 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ аст. Ҳарчанд колхозчиён ва аҳолии маҳаллӣ бисёр вақтҳо ҳангоми кор аз ин мавзеъ осори атиқа ба монанди кӯза, олоти биринҷӣ, зевар ва ғайра меёфтанд, то солҳои 70-уми асри 20 бостоншиносон дар бораи мавҷудияти шаҳри қадимии Саразм маълумоти дақиқ надоштанд. Танҳо соли 1976 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашӯралӣ Тайлонов аз хусуси табари биринҷии 6 сол пеш аз ин мавзеъ ёфтааш ба ходими илмии базаи бостоншиносии Панҷакент Абдуллоҷон Исҳоқов хабар дод. Бостоншиноси соҳибтаҷриба А. Исҳоқов, ки чанд сол боз дар бисёр ёдгориҳои таърихии Панҷакент таҳқиқот мебурд, оҷилан корҳои иктишофиро дар ин мавзеъ ташкил кард. Ҳамин тариқ, Саразмро соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов кафш намуд ва соли 1978 онро таҳти роҳбарии ӯ бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафриёти ин мавзеъ шурӯъ карданд. Соли 1984 бо роҳбарии А. Исҳоқов ва корманди Маркази бостоншиносӣ ва таҳқиқоти Фаронса Р. Безенвал экспедитсияи бостоншиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса ташкил карда шуд ва корҳои иктишофӣ дар ин мавзеъ вусъати тоза пайдо кард. Бостоншиносон дар димнаи шаҳри қадимии Саразм 4 бино ва 10 хандақро ошкор карданд. Масоҳати бинои аввал180 м2 буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 м2 масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 м2 буда, 13 хона дорад. Девораш аз хишти хом. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯй ҷой гирифтани даромадгоҳҳо се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст. Хонаҳои иқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа буда, бари даромадгоҳҳо танг аст. Фарши хонаҳо оташдони мудаввар дорад. Оташдонҳо баъзан дар болои суфача сохта шудаанд. Бинои чорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ, дош кашф шудаанд. Дар дохили ибодатгоҳ оташдон ва дар деворҳояш деворнигораҳои хусусияти мазҳабӣ дошта мавҷуд буданд. Дар Саразм ду намуди оташдон кафш гардидааст: мудаввар ва росткунҷа. Ҳар ду намуди оташдон дар марказ барои афрӯхтани оташи муқаддас чуқуриҳои амиқ доранд. Зимни ҳафриёт дар Саразм чаҳор давраи ҳаёт ошкор карда шудааст: давраи I – 3500–3200 сол то милод, давраи II – 3200–2900 сол то милод, давраи III 2900–2700 сол то милод, давраи IV – 2700–2000 сол то милод. Аз ин рӯи ин давраҳо бостоншиносон синни шаҳри қадимии Саразмро 5500 сол муқаррар кардаанд. Дар натиҷаи таҳқиқот аз бошишгоҳи Саразм ашёи гуногуни аз санг ва биринҷӣ сохташуда – олоти меҳнат ва бофандагӣ аз санг, тугмаҳои сангин, пайконҳои сангин, дастаҳои сангин, зарфҳои мармарӣ, ашёи шохмонанд аз санги чақмоқ, олоти сангии сайқалдиҳанда, калиди сангин, қолаби сангин, сангҳои ороишӣ, ҳовандастаҳо барои ғаллакӯбӣ, олоти биринҷӣ, сӯзанҳо ва сӯзандоруҳо аз устухон ва биринҷӣ ва ғайра ёфт шудаанд, ки воқеан ба давраи энеолит (охири асри санг) ва асри биринҷӣ тааллуқ доштани бошишгоҳи Саразмро собит менамоянд. Аз рӯи маълумоти бадастомада муқаррар шудааст, ки асоси иқтисодиёти сокинони Саразмро асосан кишоварзӣ, чорводорӣ ва косибӣ ташкил мекардааст. Аз охири ҳазораи 4 то милод бошишгоҳи Саразм ба яке аз марказҳои бузургтарини филизкорӣ (металлургӣ)-и Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ба ин захираҳои бойи маъданҳои тило, нуқра, мис, қӯрғошим, симоб, қалъагӣ, фирӯза дар силсилакӯҳҳои Болооби Зарафшон мусоидат кардааст. Аз Саразм буттаҳои маъдангудозӣ, қолабҳои гилии рехтагарӣ, дош (кӯра)-ҳои филизгудозӣ ёфт шудаанд, ки аз рушди коркарди филиззот дар ин бошишгоҳ шаҳодат медиҳанд. Саразмиҳо мис ва қалъагиро даромехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд. Дар Саразм ҳунари кулолгарӣ низ тараққӣ карда будааст. Аз ҳафриёти Саразм сафолпораҳои нақшини бисёре ёфт шудаанд, ки қисме аз онҳо дар осорхонаи Мануъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм нигоҳдорӣ мешаванд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хумча сохта, бо рангҳои қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медодаанд. Услуби нақшунигори зарфҳои сафолии Саразм бо услуби нақшунигори зарфҳои сафолии Туркистони Ҷанубу Шарқӣ ва Балуҷистон – Сиистон монанд аст. Аз Саразм ҳатто хумдони дутабақаи сафолпазӣ ёфт шудааст, ки аз хеле ривоҷ доштани ин касб дар шаҳри қадимии Саразм шаҳодат медиҳад. Дар Саразм заргарӣ низ хеле тараққӣ карда будааст. Саразмиҳо аз ақиқ, фирӯза, лоҷвард ва гӯшмоҳии аз соҳилҳои уқёнуси Ором овардашуда, ҳамчунин аз тило ва мису биринҷӣ гарданбанд, шаддаҳои зебо ва дигар ҷавоҳирот месохтаанд, ки намунаҳои онҳо зимни ҳафриёт ёфт шудаанд ва дар осорхонаи мамнуъгоҳ нигоҳдорӣ мешаванд. Олоти биринҷӣ, сангҳои дастадори тарозу, зарфу гӯшмоҳиҳо, асбоби зебу зинат аз фирӯза, лоҷувард ва ақиқ, ки аз Саразм ёфт шудаанд, аз робитаҳои тиҷоратии сокинони Саразми бостонӣ бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, баҳри Араб, дарёи Ҳинд, Бадахшон, Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон ва Балуҷистон шаҳодат медиҳанд. Ҳоло дар илми бостоншиносӣ бошишгоҳи Саразм ҳамчун ягона ёдгории қадимии кишоварзӣ дар Мовароуннаҳр маъруф аст. Саразм дар ҳазораи 4 то милод ба яке аз марказҳои бузурги қадимиии кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ табдил ёфта, дар таърихи қадими Шарқ саҳифаи нав боз намуд ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2000 ёдгории 5500-солаи Саразми шаҳри Панҷакент маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Барои аз таъсири боду борон ҳифз намудани ин ёдгории таърихӣ бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болои 4 обекти асосӣ (бино)-и ҳафргардидаи Саразм пӯшонида шудааст. Саразм нахустин ёдгории таърихии Тоҷикистон аст, ки бо қарори кумитаи 34-уми ЮНЕСКО аз 31-уми июли соли 2010 ба феҳристи Мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ дохил карда шудааст. Соли 2020-ум 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад. Албатта, то рӯзи таҷлили 5500-солагии Саразм дар Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм корҳои бисёре анҷом дода хоҳанд шуд. Ба ҳар ҳол мехоҳем дар ин ҷо баъзе андешаҳои худро, ки баъди боздид аз Саразм дар сар пайдо шуд, иброз намоем. Тамошои димнаи шаҳри қадимии Саразм касро ба баъзе андешаҳо водор мекунад. Аз ҷумла, аз рӯи тахмини бостоншинос А. Исҳоқов бошишгоҳи Саразм масоҳати 100 гектарро ишғол мекардааст. Ҳоло қисми зиёди масоҳати онро киштзорҳои деҳаҳои ҳамсояи Соҳибназар ва Авазалӣ ишғол кардаанд ва танҳо 30 гектари он аз киштзор озод карда шудааст. Тибқи навиштаи бостоншиносон масоҳати объекти умумибашариӣ ҳамагӣ 6 гектарро ташкил медиҳад. То ҳол дар ин ҷо дар масоҳати 10000 м2 ҳафриёт гузаронида шуда, 14 объект кашф гардидааст, ки аз ҳамдигар дар масофаи аз 25 то 150 м ҷойгиранд. Аз рӯи стратиграфияи ҳафриёти II соли Саразм 5500 сол муқаррар шудааст. Вале бо вуҷуди таҳқиқоти анҷомдодашуда, санаи дақиқи пайдоиши Саразм то ҳол дақиқ муайян карда нашудааст ва 5500 сол доштани он тахминист. Муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки Саразм шояд пойтахти қадимии вилояти таърихии Суғдиён ё Мовароуннаҳри Осиёи Миёна ва эҳтимол ҳамон бошишгоҳе бошад, ки бостоншиносон ба сифати «Самарқанди Қадим» ҷустуҷӯ мекунанд. Вале ин фаразияро танҳо идома додани ҳафриёт дар Саразм тасдиқ ва ё рад карда метавонад. Бинобар ин, ба андешаи мо, дар оянда аз заминҳои кишт ва ҳавлию манзилҳои иқоматии аҳолии ин деҳаҳо озод кардани ҳудуди боқимондаи бошишгоҳи Саразм ва идома додани ҳафриёти Саразм зарур аст, то ин ки санаи пайдош ва таърихи шаҳри қадимии Саразм дақиқ муайян карда шавад. Албатта, ин як пешниҳод аст. Зарурати онро бостоншиносони ҷумҳурӣ муайян хоҳанд кард. Дигар ин ки тибқи таҳқиқоти бостоншиносӣ Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр эътироф шудааст. Бозёфтҳои он шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ дорои маданияти мутараққӣ будааст. Бинобар ин имрӯз Саразм шояд ба муаррифии бештаре ниёз дошта бошад. Албатта, барои муаррифии Саразми қадимӣ дар мамнуъгоҳ то ҳол корҳои бисёре анҷом дода шудаанд; аз ҷумла дар даромадгоҳи димнаи шаҳри қадимии Саразм дарворза бо навиштаҷоти «Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм» шинонда шудааст, хуб мешуд ин дарвоза қадре бошукӯҳтар аз нав сохта шавад; дар ду паҳлуи роҳрави асосӣ аз даромадгоҳи мамнуъгоҳ то осорхона чанд лавҳа бо акси ашёи аз Саразм ёфтшуда, дар 4 объекти асосии болопӯшида тахтаҳои навиштаҷоти муаррификунанда насб гардидаанд; осорхонаи Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм таъсис дода шудааст, вале мутаассифона, баъд аз даромадгоҳи мамнуъгоҳ тахтаи асосии бузурге, ки дар ин ҷо мавҷуд будани чиро (яъне шаҳри қадимии Саразмро бо нақшааш) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шарҳ диҳад ва бинандагон онро хонда, дар бораи Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм пешакӣ маълумот пайдо кунанд, вуҷуд надорад. Осорхонаи Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм дар ҳавлие ҷойгир буда, қисме аз ашёи аз мамнуъгоҳ ёфтшуда дар айвони пешкушода ва боқимонда дар дохили хонаи хурде ба тартиб гузошта шудаанд. Агар барои нигоҳ доштан ва муаррифӣ кардани ашёву олоти аз мамнуъгоҳ ёфтшуда дар мамнуъгоҳ як бинои боҳашаматтаре ба сифати осорхона сохта шавад, ба андешаи мо, шукӯҳи ин ёдгории таърихиро дар назари бинандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ, ки ҳамасола аз Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бештар дидан мекунанд, меафзояд. Нуриддин Шарифов, мудири редаксияи Назорати илмӣ ва таҳрири адабии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.