Боду ҳаво5-09-2018, 09:11
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаво имрӯз дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 27+32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +10 +15 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +9+14 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.