Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад

2-07-2018, 11:43
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад
Июль 2, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона +11+16 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво софу беғубор гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +23 ва рӯзона +38 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 17-19 ва рӯзона 36-38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: