ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст30-04-2018, 10:08
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Апрель 30, 2018 08:05 ДУШАНБЕ, 30.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол то 15-20 метр дар як сония мерасад. Имрӯз, 30 апрел дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +26 +31дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад. Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +30 +32 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +12 +14 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.