DataLife Engine > Маориф ва илм, Чавонон, , Чорабинихои ХХДТ, Ташаббусхои «Созандагони Ватан» > Ҷавонон ояндаи миллат!

Ҷавонон ояндаи миллат!


6-01-2016, 16:00. Разместил: admin
Ҷавонон ояндаи миллат!
Панҷуми январ дар Қасри фарҳанги тозабунёди ноҳияи Айнӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки 400-нафар фаъолон ва аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд. Чорабиниро роҳбари “ТҶҶ Созандагони Ватан” Абдуваҳҳоб Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 15 саҳнаи “Қатли Туғрал” ва саҳнаҳои дигарро оид ба зарар ва оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, оқибатҳои ҳузновари истеъмоли маводи мухаддир намоиш доданд.

Хонандагони МТМУ №1 ва №6 шеърҳоро дар васфи гулҳо қироат намуда, ҳамзамон либосҳои миллиро, ки ба тарзи қадима ва ҳозиразамон аз матоъҳои атлас ва адрас дӯхта шуда буданд, намоиш доданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдуғанӣ Қобилзода дар мавзӯи “Пешвои миллат кафили сулҳу субот дар ҷомеа” баромад намуда, ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ даъват намуд. Дар охир тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур супорида шуд.
©М.Маҳмудов
Вернуться назад