Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бад ба мақсад намерасад

Бад ба мақсад намерасад

5-09-2018, 08:12
Хабарро хонданд: 427 нафар
Назарҳо: 0
Бад ба мақсад намерасад

Пас аз тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” парда аз рӯи авомфиребӣ ва дасисакориҳои ҲНИ бардошта шуд.
Яке аз фаъолони ҳизб, роҳбари ҲНИ Аёмиддин Сатторов эътироф намуд, ки роҳи интихобкардаи ӯ ва ҳазорҳо нафар аъзо ва пайравони ҳизби ифротиву террористии ҳизби наҳзат хато буд. Зеро тавре аз навор бармеояд, маҳз Аёмиддин Сатторов бо ҳамроҳии “роҳбарияти олии ҳизб” аз ҷумла Саид Абдуллои Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ халқро алайҳи давлат шӯронида, сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳо дар кишвар гардидаанд. Ӯ аз нақшаҳои тарҳрезинамудаи Кабирӣ ва ёронаш ёдовар шуда, баён дошт, ки Кабирӣ пас аз шикаст дар интихоботи соли 2015 барои интиқомҷӯи робитаро бо генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назаров мустаҳкам намуда, барои табадуллоти давлатӣ саъй намуданд. Роҳбари ҲНИ Кабирӣ шахсияти манфиатхоҳ аст ва солҳои сол дар Парлумони кишвар танҳо ғами худу хешовандонашро мехӯрад, агар ҳамин тавр намебуд, ӯ пас аз интихобот хулосаи даркорӣ бароварда, барои пурқувват намудани ҳизби худ мекӯшид, на ин ки барои дубора аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ мекӯшид.
Аёмиддин Саттров эътироф кард, ки аксарони фаъолони ҳизб парвардагони дасти хоҷагони Эронӣ аст ва ҲНИ як шохаи “Ҳизубллоҳ”-и Эрон аст. Ҳадафи ин ду ҳизб, ки аз як реша об мехӯранд, бунёди ҷомеаи хилофат ва тарғиби шиапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо тирашон хок хӯрд. Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ сиёҳро аз сафед фарқ мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.
Медонанд, ки саркардагони нобасомониҳое ки дар Ироқ , Сурия, Афғонистон доир шуда истодааст, маҳз намояндагони «қувваҳои исломӣ» ҳастанд. Ин гуна шахсон аз номи Ислом бар зидди Ислом кор бурда истодаанд. Мусулмони ҳақиқӣ ҷамъи мусулмононро ваҳшиёна ба қатл расонда дар як ҷо гӯр намекунанд. Инсони комил, оне, ки ҳатто як сураи оятҳои каломи раббониро аз худ намудааст ва ҳикмати дини мубини исломро, ки покиву адолатпарастриро талқ ин мекунад, ҳаргиз ба ин кор даст намезанад.
Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.
Зафар Раҳмонов,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: