Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ БАДГУҲАРӢ ТО ТАНГНАЗАРӢ...

АЗ БАДГУҲАРӢ ТО ТАНГНАЗАРӢ...

16-08-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 462 нафар
Назарҳо: 0
АЗ БАДГУҲАРӢ ТО ТАНГНАЗАРӢ...
Сард гардидани муносибат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон натанҳо нороҳатии роҳбарони ҳар ду давлат, балки боиси ташвиши ҳар ду тараф гардида истодааст. Мардуми шарифи кишвари мо бояд донанд, ки ҷониби Эрон нафареро пуштибонӣ мекунад, ки барои ноором намудани вазъи кишвар бо ҳизби ғайриқонуниаш кӯшишҳо намуда истодааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди яке аз аввалинҳо шуда, соҳибихтиёрии моро эътироф кардааст, вале баъдан ба хотири ба даст овардани имони мардум охунҳои худро барои ҷангу низоъ нисбати мо бархезонд. Тоҷикистон далелҳои шаъйиро рӯи даст овард, ки чӣ тавр охундҳои эронӣ бо дасти худи тоҷикони наҳзатӣ ба ҷони чандин абармардҳои давр қасд намуда, онҳоро аз ҳаёт маҳрум намуданд. Факти таърихиро мо аз забони яке аз муассисони ҳизб Аёмиддин Сатторов рӯзи гузашта тариқи филми мустанад бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» шунидем. Ин марди 65 – сола беш аз 40 – сол чун аъзо ва мубалиғи ҳизб дониста шуда, худ эътироф мекунад, ки ҳар он амале, ки ӯву ҳизбаш созмон медод, хато буд. Вале ӯ ноилоҷ буд. Ӯ иқрор шудааст, ки Эрон аз аввали фаъолияти ҳизб пуштибон ва маблағгузори асосии ҳизб буд. Долларҳои зиёдеро шахсан ба Муҳиддин Кабирӣ медод, то шуури сокинони ҷомеаро дигар кунад. Боварию эътимоди сокинони нисбати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дигар шавад. Маҳз ба таври рӯкушод дастгирӣ намудани шаҳсан Руҳонӣ аз Кабирӣ ва даъвату суханронии ӯ дар конфронси исломӣ бозгӯи гуфтаҳои болоист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан сиёсати дарҳои кушодро эълон намуда, ба хотири талқини ҳадафҳои сулҳҷўёна, ваҳдатпарварона ҳамеша толиби муносибатҳои некбинона будани кишварамонро нишон медод. Махсусан эҳтирому самимияти Сарвари давлат ва халқи олишон нисбати мардуми Эрон дигар буд. Мо тоҷику эрониро ду шохи як дарахт унвон мекардем. Мутаассифона, мақсаду ниятҳои иддае аз дӯстонии эронии мо дигар будааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз ҶумҳурииТоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи халқи хеш кўшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст. Мо, сокинони мамлакат сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз чунин роҳбар ифтихор менамоем. Ободӣ дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС-у роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили мо шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалими хеш афзун гардонида, эътимодамонро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои мо сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост. Ман низ чун шаҳрванди Тоҷикистон тарғибгари сиёсати давлатӣ буда, нисбати бадхоҳони давлат нафрати зиёд дорам.
Мақомоти Эрон нерӯҳои хориҷиро дар таҳрик ва барангехтани эътирозҳо айбдор медонанд. Воқеан, солҳои охир таъсири нерўҳои беруна ба амнияти ин ё он давлатҳо беш аз пеш ба назар мерасад. Муносибату равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо ТЭТ-и ҳизби наҳзати ислом, ки ба амнияти давлатии Тоҷикистон таҳдидҳои нав ба навро пеш меорад, намунаи барҷастаи чунин муносибатҳост.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардум бояд ҳушёру зирак бошанд ва ба доми хоинону беномусони ватанамон наафтанд. Зеро мо ин макони биҳиштосоро бо мубориза, бо монеаву мушкилоти зиёде, даст ба даст офаридем ва набояд барои як гурўҳи ватанфурушон онро бар бод диҳем.

Рустам Ғуфронов,
донишҷӯи курси 3,
ДПДТ дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: