Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ширкати ҳиндӣ хати интиқоли барқи «CASA-1000»-ро месозад

Ширкати ҳиндӣ хати интиқоли барқи «CASA-1000»-ро месозад

24-08-2018, 09:53
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Ширкати ҳиндӣ хати интиқоли барқи «CASA-1000»-ро месозад

- Қитъаи тоҷикистонии хати минтақавии интиқоли барқи «CASA-1000»-ро ширкати ҳиндии Kalpa-Taru Power Transmission Limited месозад. Тавофуқнома оид ба ин миёни ҷониби Тоҷикистон ва ширкати мазкур ба имзо расидааст, - гуфт зимни посух ба суоли хабарнигоре дар мавриди сохтмони «САSА-1000» дар нишасти матбуотии «Барқи тоҷик» раиси ширкат Мирзо Исмоилзода ва илова намуд, ки бунёди қитъаи афғонистонии хати мавриди назарро низ ин ширкат ба зимма гирифтааст. Сохтмони қитъати тоҷикистонӣ бояд дар соли 2021 ба охир расад. Ҳоло интихоби пудратчиёни объектҳои дигар аз рӯйи лоиҳаи CASA-1000, аз ҷумла зеристгоҳи конвертории пуриқтидори 1300 мВт, ки дар Сангтӯда сохта мешавад, дар марҳалаи батавофуқрасӣ қарор дорад .


Тавре ки маълум аст, мақсад аз татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ аст. Пас аз амалӣ гардидани лоиҳа интиқоли барқ тибқи муқаррароти пешакӣ 70 фоиз аз Тоҷикистон ва 30 фоиз аз Қирғизистон тавассути Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи нақша сохтмони « CASA-1000» бояд моҳи майи соли 2016 оғоз меёфт, вале бо сабаби дермонӣ дар интихоби пудратчиён ин кор то ба ду соли дигар кашол ёфт.
Барои амалӣ намудани лоиҳа аз зеристгоҳи Даткаи Қирғизистон то ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон (477 километр) хати интиқоли барқи 500 кВт. кашида, дар Сангтӯда бо иқтидори 1300 мВт. Зеристгоҳи конверторӣ сохта ва аз Сангтӯда то Кобули Афғонистону Пешовари Покистон (750км) хати барқи баландволтаи ҷараёни доимӣ ва дар Кобулу Пешовар зеристгоҳҳои пуриқтидори 1300 мВт. ва дигар объектҳо сохтан лозим аст.
Арзиши умумии лоиҳаи «CASA-1000» тибқи манбаъҳои гуногун аз 1млрд.170 млн. доллар муайян шудааст. Ба Тоҷикистон барои дар ҳудуди худ амалӣ намудани ин лоиҳа 220 миллион, ба Қирғизистон 209 миллион, ба Афғонистон 354 миллион ва ба Покистон 209 миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст. Бонки ҷаҳонӣ бо ин мақсад дар шакли гранту қарз 526,6 миллион доллар ҷудо мекунад. Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ(USAID), Департаменти давлатии ИМА, Вазорати ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир DFID), Агентии австралиягии рушди байналмилалӣ (AusAID) ва як қатор дигар созмонҳои молиявии сатҳи ҷаҳонӣ нияти дар татбиқи лоиҳа саҳм гузоштан доранд. Аз ҷумла барои сохтмони қитъаи тоҷикистонӣ Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 45 миллион, Бонки исломии рушд 70 миллион, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 110 миллион доллар сармоягузорӣ карданианд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқ барои CASA-1000 инфрасохтори лозимӣ аллакай мавҷуд аст ва онҳо барои таъмини хати интиқоли барқи CASA-1000 имкониятҳои фаровон доранд. Тобистон аз сабаби обшавии босуръати пиряхҳо об дар обанбори неругоҳҳо аз талабот зиёд ҷамъ мешавад ва ҳамасола дар ин фасл бо сабаби пайдо накардани харидори барқ оби ғуншудаи зиёдатӣ аз обанбор бе истифода дар тавлиди барқ партофта мешавад. Мувофиқ ба маълумоти «Барқи тоҷик» дар тӯли даҳ соли охир 64 миллиард мукаабметр об аз обанбори Норак бе истифода партофта шудааст, ки бо ин об мумкин буд ҳар сол 6 миллиард кВт.соат барқ тавлид кард.
Ин дар ҳолест, ки дар мамлакатҳои ҳамсояи Осиёи Ҷанубӣ – Афғонистону Покистон ба барқ эҳтиёҷи калон доранд. Покистон махсусан дар давраи тобистони аз ҳад зиёд гарм талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатиашро бо барқ таъмин карда наметавонад. Бино бар камбуди барқ баста шудани корхонаҳо ва бекор мондани аҳолӣ, умуман дастрасӣ надоштани миллионҳо нафар воқеъияти муқаррарист. Бунёди «CASA-1000» бошад, метавонад талаботи ҳамасола на кам ба 5 миллиард кВт.соат барқ доштаи онро таъмин намояд.
Коршиносони масоили иқтисодӣ Лоиҳаи CASA-1000-ро воқеаи муҳимтарин дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дониста, аз нигоҳи онҳо хати нави интиқоли барқ ба минтақа дигаргуниҳои азими мусбат меорад ва қадами муҳимест дар роҳи ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказию Ҷанубӣ (CASAREM). Ва ин ташаббус на танҳо ба манфиати чор давлат аст, балки бо тавсеа ёфтани интиқоли неруи барқ ҳамкориҳои минтақавӣ миёни ҳама мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вусъати тоза пайдо карда, муҳимтар аз ҳама, рушди иқтисодӣ ва сиёсии минтақаро таъмин менамоянд.

Айни замон, ҷиҳати татбиқи «CASA-1000» Шӯрои байнидавлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар доираи он давлатҳо дар якҷоягӣ доир ба масъалаҳои дахлдори лоиҳа қарорҳо қабул карда, қоидаҳои умумӣ , меъёрҳои техникӣ, экологӣ ва стандартҳо ягонаи аъминкунандаи бехатариро дастурамалии худ қарор медиҳад.

Неъматулло Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: