Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Трамп шартҳои лағви таҳримҳои зидди Русияро номбар кард

Трамп шартҳои лағви таҳримҳои зидди Русияро номбар кард

22-08-2018, 09:03
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Трамп шартҳои лағви таҳримҳои зидди Русияро номбар кард
Президенти ИМА Доналд Трамп омодааст, бар ивази гузаштҳои Русия дар масъалаи Сурияву Украина, ки бо манофеи Амрико созгор хоҳанд буд, лағви таҳримҳои зидди Кремлро баррасӣ кунад. Дар ин бора Трамп дар суҳбат бо хабаргузории Reuters изҳори назар кард. "Бидуни он масъалаи мазкурро нахоҳам омӯхт", - афзуд ӯ.

Вашингтон соли 2014 зидди Москва дар робита ба ишғоли Қрим ва ҳамла ба шарқи Украина таҳрим эълом кард. Дар ҳоли ҳозир, ба Конгресси ИМА лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки пурзӯршавии таҳримҳоро зидди Русия барои дахолати эҳтимолии Москва дар интихоботи Амрико пешбинӣ мекунад. Таҳримҳои нав амалиёт бо долларро барои бонкҳои давлатӣ, сармоягузорӣ дар қарзи давлатӣ ва содироти технологияро барои бахши нафту гази Русия манъ мекунад.

Ба ҷуз ин, Департаменти давлатии ИМА 8 август зидди Русия дар робита ба қазияи заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Вашингтон мегӯяд, Москва дар ин ҳодиса даст дорад. Таҳримҳои нав аз 22 август ба иҷро даромада, аз ҷумла содироти бореро ба Русия манъ мекунанд, ки дар бахши амнияти миллӣ истифода хоҳад шуд.

Трамп дар суҳбат бо Reuters афзуд, ки 16 июл дар мулоқоти пушти дарҳои бастааш бо президенти Русия Владимир Путин дар Ҳелсинкӣ амнияти Исроил, вазъи Сурия, ишғоли Қрим, ҳамла ба шарқи Украина ва бунёди лӯлаи "Ҷараёни шимол-2"-ро баррасӣ кард. Ба гуфтаи Трамп, Путин дар мулоқот масъалаи таҳримҳои ИМА-ро матраҳ накардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: