Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзиш омили некномӣ

Варзиш омили некномӣ

9-10-2015, 15:30
Хабарро хонданд: 544 нафар
Назарҳо: 0
Варзиш омили некномӣБаҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 таҳти № 1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо мақсади бартараф кардани шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, таҳким бахшидани рушди иқтисодиёти мамлакат ва бурдани муборизаи сартосарӣ алайҳи кирдорҳои коррупсионӣ бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 1 то 10 октябри соли ҷорӣ иқдом (аксияи) таҳти унвони «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардида истодааст.
Бахшида ба доираи ин иқдом дар шаҳри Чкалов силсила чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Аз ҷумла, санаи 9-октябр аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов ва дар ҳамкорӣ бо мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи варзишии намуди дастхобонӣ (армреслинг) ташкил ва гузаронида шуд. Мусобиқа аз рӯи вазнҳои 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг ва аз 90 кг боло гузаронида шуда, дар он зиёда аз 40 нафар варзишгарон ва ҳаводорони ин намуди варзиш аз Коллеҷи варзишӣ ҷисмонӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургӣ, хизматчиёни ШКД ва афсарони қисмҳои ҳарбии шаҳри Чкалов иштирок карданд. Чорабини варзиширо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов Исобой Усмонов ифтитоҳ намуда, бобати аксияи «Амалҳои корупсиониро маҳкум мекунем», баромад карда, дар бораи таъсири ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷамъияту иқтисодиёти мамлакат ибрози андеша кард.
Доварони мусобиқа: Ҳасанов Хуршед, устоди хизматнишондодаи ҶТ, мураббии шоистаи ҶТ, Расулов Толиб, корманди шоистаи варзиши ҶТ устоди дараҷаи Шӯравӣ оид ба дюздо, Зариф Шарипов, корманди шоистаи варзиши ҶТ ва Сардовари мусобиқа: Комилов Зокирҷон мураббии шоиста, устоди варзиши ҶТ буданд.
Мавриди зикр аст, ки устоди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ – Ҷалолов Миршакар, баромад карда иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо айни муддао буда, ба пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад. Инчунин таъкид карда шуд, ки ҷавонон дар ҳама самт ҷонибдори ҲХДТ буда, зидди ин зуҳуроти номатлуб – коррупсия низ муборизаи беамон хоҳанд бурд.
Дар мусобиқа:
аз рӯи вазни 60 кг – Зухроб Борлиев, донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
дар вазни 70 кг Ҳалимов Авазхӯҷа, афсари қисми қӯшунҳои кӯҳгард,
дар вазни 80 кг Рустамов Алиҷон, варзишгари мактаби варзишии шаҳр
дар вазни 90 кг Саидмухтор Холов, донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
ва дар вазни аз 90 кг боло корманди ШКД-и шаҳри Чкалов

ғолиб гардиданд.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотирмон ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки аз чунин намуди варзиш санаи 7-8-уми октябр дар шаҳри Сочии Федератсия Русия, мусобиқаи байналмиллалӣ доир гардид. Дар ин мусобиқа шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Истаравшани бостонӣ иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардида, роҳхат ба бозиҳои пароолимпии Рио-Деҷанейрои Бразилия шомил гардидааст.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: