
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ҳамаи кӯҳнавардоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи рӯзи 12 август осеб диданд, бо чархбол ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтанд.
Ба иттилои ӯ, осебдидаҳо ва ҳам ҷасадҳоро ба бемористони "Истиқлол" бурданд.
Пештар Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки дар натиҷаи садамаи чархболи Ми-8 дар поёноби пиряхи Фортабек дар ҳудуди ноҳияи Лахш ду сарнишини чархбол ва се кӯҳнавард ҷон бохтанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳар се кӯҳнаварди ҷонбохта дар ин ҳодиса, шаҳрвандони Русия мебошанд. Ду сарнашини чархбол, ки ба ҳалокат расиданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ба гуфтаи мақомот, чархбол бинобар шамоли сахт ва ҳавои тира, ба садама дучор шудааст.
Бино ба хабарҳои аввалия, чархболи МИ-8 соати тақрибан 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 12-уми август замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон бармегардонд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми собиқ), 7495 метр баландӣ дорад.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи нашри хабари садамаи чархбол гуфт, аз ҳисоби раҳбарияти ин ниҳод, Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ситоди муштарак ташкил шуда, ҷараёни наҷоти кӯҳнавардонро шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон назорат мекунад.