Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов

10-08-2018, 21:30
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов
Август 10, 2018 20:14

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов баргузор шуд.

Ҷонибҳо муҳимтарин мавзуъҳои марбут ба ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд ва барои тақвияти бештари ин ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарурати фаъолгардонии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкилу ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот таъкид гардид.

Доир ба ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории Ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» бо корхонаи алюминий ва ширкати нефту гази Озарбойҷон таклифу пешниҳодҳои муфид баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар хатарҳои маргбори ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов 10.08.2018
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: