Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

6-07-2017, 15:45
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистонро марзҳои муштарак, истифодаи умуми ҳавзаи дарёҳо ва инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт ба ҳам пайваста, барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо шароити мусоид ва имконятҳои фаровон муҳайё мебошад.

Ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии хатҳои барқи баланшиддати КАСА-1000 муҳим ва барои тамоми минтақа манфиатбор арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат дар заминаи ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар комиссияву зеркомиссияҳои танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии роҳҳои оҳан ва лулаҳои газ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои ҳамсоядавлатҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.

Мавзуи дигари суҳбати пурмуҳтавои ҷонибҳо мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир буд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: