Фаронса-хатар ба карйераи Макрон6-08-2018, 10:02
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Дар Фаронса атрофи президент Эммануэл Макрон ва яке аз кормандони маъмурияти ӯ ҷанҷол авҷ мегирад. Новобаста аз он, ки буҳрони ҳозира барои Макрон ҷиддитарин давра аз оғози президентиаш аст, он парда аз сире бармедорад, ки нуқтаи заифи ӯ маҳсуб мегардад. Аллакай ду ҳафта аст, ки дар Фаронса оид ба «кори Беналла» ҳангома хестааст. Ҳамааш аз он оғоз гардид, ки ҳафтаномаи маъруфи Le Mond дар сайти худ навори видеоиро пахш кард, ки дар он дида мешавад-шахсе бо либоси шаҳрвандӣ ва бо кулоҳи пулис ҳангоми гирдиҳамоии 1 май иштирокчиёни онро зери латукӯб қарор медиҳад. Чуноне баъдан маълум гардид, ин шахс мушовири амниятии президент (1 май ӯ дар вазифаи ҷонишини директори маъмурияти президент буд) Александр Беналлаи 26 сола, фаронсавии асли баромадаш марокашӣ будааст, ки таъмини амнияти сарвари давлатро ба дӯш дошт. Макрон баъд аз 2 рӯзи ин ҳодиса гуноҳро ба худ гирифт-аммо чуноне баъд маълум гардид, бо ин амал ӯ ҷурми кормандашро пӯшиданӣ буд. Чунки нисбати латукӯб аллакай рӯзи дигар пас аз гирдиҳамоӣ маълум гардида, Беналларо танҳо ду ҳафта аз кор барканор карданд ва баъд ба вазифаи мушовири президент гузарониданд. Илова бар ин, вазифаи ӯ тағйир наёфт-ӯ чун пешин ба амнияти сарвари давлат ҷавобгӯ буд. Ва на танҳо ин-Беналла аз мақбултарин ашхоси президент буда, маоши аз ҳад баланд, манзили бузургҳаҷм, унвони подполковники захираи жандармерия ва дигар имтиёзҳоро соҳиб гардид, ки расман ба мансаби ӯ мувофиқат намекарданд. Ҳоло Беналларо аз қасри Елисей аз кор гирифтанд, аммо тафтишоти кори ӯро прокуратура ва комиссияи махсуси парлумон пеш мебаранд. Мухолифин кори Беналларо «давлатӣ» меноманд, чунки ба ақидаи онҳо президенти Фаронса нисбати латукӯби иштирокчиёни гирдиҳамоӣ хабар дошт, вале бо муваққатӣ барканор намудани Беналла иктифо намуда, маълумотро ба прокуратура надодааст. Рӯзи сешанбе дар парлумон ҳатто қарор оид ба «вотуми боварӣ» ба ҳукуматро ба овоз монданд-аммо чун ҳизби Макрон дар Шӯрои миллӣ аксариятро ташкил медиҳад, девони вазирон ин корро карда натавонист. Аммо масъалаи Беналла муаллақ боқӣ мемонад ва он торҳои асаби Макронро хеле хароб хоҳад кард. Гап дар сари он аст, ки на танҳо рейтинги ӯ паст рафтааст, васоити ахбори фаронсавӣ дилмондагӣ аз сарвари давлатро пинҳон намедорад: «Имрӯз акнун шубҳае намондааст-на услуби идоракунӣ ва на тарзи муносибат, ки ҳавобаландиро мемонад, рӯз аз рӯз маъқул нашуда истодааст. Ӯ мехост ҳокимияти марказӣ ва президентиро мустаҳкам кунад. Вале ин метавонад нуқтаи заъфи ӯ гардад. Ӯ мехост ба вазифаҳои президент аҳамияти бештареро марбут диҳад. Аммо бо ин кӯшишҳояш метавонад ба худ зарар орад, чун раванди иҷрои ҳокимиятро бо авторитаризми ҳокимияти Сезар омехта карданист»-менависад Le Figaro. Аммо нуқтаи заъфи Макрон ба тамоми элитаи фаронсавӣ маълум аст ва он на чизест, ки ҳафтанома меорад. Худи пайдо шудани Эммануэл Макрон дар фазои сиёсӣ чунон барқосо ва сунъӣ буд, ки тарҷумаи ҳоли ӯ проблемаи асосиаш маҳсуб мегардад. Аниқтараш як нуқта-гомосексуализм (ҳамҷинсгароӣ)-и тахминии ӯ. Гуфтаҳо нисбати ин дар алоқа ба кори Беналла (ӯро маъшуқи президент меноманд) чарх мезананд, ки маҷбур мекунад Макрон инро инкор кунад: «Александр Беналла ҳеҷ гоҳ ба код (рамз)-и ракетаҳои ҳастаӣ дастрасӣ надошт. Ӯ ягон вақт дар манзили дорои масоҳати 300 метри квадратӣ дар минтақаи пули Алма ба сар набурдааст. Ӯ ягон вақт маоши 10 ҳазор евро намегирифт ва маъшуқи ман набуд»,-гуфт президенти Фаронса. Макрон якум маротиба нест, ки маъшуқ доштанашро рад мекунад-замони маъракаи интихоботӣ ВАО оид ба алоқаи ҷинсӣ доштанаш бо роҳбари Radio France Матйе Галле хабар дода буданд ва он вақт Макрон инро рад кард. Вале қазия ин ҷост, ки ба ӯ бовар намекунанд. Мегӯянд, ки барои инкор кардани ҳақиқат ба ӯ ҳатто доираи ҳамҷинсгароёни Париж нафрат дорад. Қазия ин нест, ки Макрон ҳамҷинсгаро ҳаст ё на-Фаронсаи либералӣ барвақт ба чунин сиёсатмадорон одат кардааст. Ҳамҷинсгарои ошкоро, масалан, мири пешинаи Париж буд. Гап сари он аст, ки агар Макрон ошкоро оид ба ҳамҷисгаро буданаш эълон медошт, эҳтиморияти президенти Фаронса шуданаш амри маҳол буд-қисми зиёди фаронсавиҳо ба арзишҳои оилавӣ содиқ монда набошанд ҳам, ба ҳар ҳол ҷудо будани ҷинсиятро эътироф мекунанд. Барои ҳамин ҳам Макрон дар интихобот ҳамчун «оиладори намунавӣ» иштирок кард. Зиёда аз ин, таърихи оиладории ӯ миёни интихобкунандагони зан маъруфиятро касб кард. Брижит Тонйе-ҳамсари ӯ аз шавҳараш чаҳоряк аср калонтар аст ва ин ба бисёриҳо хуш омад. Қиссаи ишқи писари мактабхон ба муаллимаи адабиёт, ки солҳо баъд ба издивоҷ миёни онҳо овард-ин ба бисёриҳо таъсирбахш буд ва мақбулашон шуд. Ин ҷуфт соли 2007 ба ҳам пайваст-то ин замон Брижит аз никоҳи якум се фарзанд ва наберагон дошт. Ва агар муайян шавад, ки «зиндагии оилавӣ»-и Макрон танҳо як қисми зиндагии воқеии ӯст, пас ин зарбаи ҷонкоҳе ба обрӯяш хоҳад буд. Чун маълум хоҳад гашт, ки ба интихобкунандагонаш дурӯғ гуфтааст-аввал оид ба Матйе Галле, баъдан нисбати Александр Беналла. Дурӯғ аз забони шахси аввали давлат-оғози анҷоми ӯст. Ва Макрон наметавонад дар соли 2022 бори дигар президент интихоб гардад, агар то он вақт тавонад дар ин мақом боқӣ бимонад. Масъала дар ин аст, ки далелҳои воқеии зиндагии пардапӯшонаи ӯ ошкор хоҳанд шуд ва ё ба лӯхтакбозон манфиатовар ин аст, ки сирри президенти Фаронсаро барои идоракунии ӯ истифода баранд? Як чиз маълум аст-Макрон дар бомбаи дорои механизми соатӣ нишастааст, ки вақтҳисобкунак (таймер)-и он дар дасти худи ӯ нест. Вале ӯ имконияти «наҷот ёфтан»-ро дорад-ошкор шудани сирри ҳаётии ӯ метавонад баъд аз рафтанаш аз мақоми президентӣ сурат гирад ва натиҷаҳои харобиовари он на танҳо барои ӯ, балки давлат кам гардад. Чаро метавонад чунин шавад? Чунки доираҳои гуногуни элитаи фаронсавӣ дарк мекунанд, ки ошкор шудани сирри Макрон зарбаи хеле сахт ба элита хоҳад буд ва ғалабаи Марин Ле Пенро наздик хоҳад кард. Ана ҳамин аст кафолати пинҳон доштани «сирри Макрон». Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.