Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ӯзбекистон. Роҳ ба сӯи дигаргуниҳо

Ӯзбекистон. Роҳ ба сӯи дигаргуниҳо

8-12-2016, 15:43
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Ӯзбекистон. Роҳ ба сӯи дигаргуниҳо
Якшанбеи гузашта (4 декабр) мардуми Ӯзбекистон президенти худро интихоб карданд. Ин рӯйдод барои ин кишвар ва барои тамоми минтақа аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Пеш аз ҳама аз он сабаб, ки пас аз даргузашти Ислом Каримов ҳамсоякишвари мо раҳбари нави худро барои дарозмуддат маълум кард.
Ба ин мақом номзади Ҳизби либерал – демократӣ Шавкат Мирзиёев, ки дар муддати беш аз ду моҳ иҷрокунандаи масъулиятҳои сарвари давлатро дошт, интихоб шуд. Сарвар Отамуродов аз Ҳизби эҳёи миллӣ , Наримон Умаров аз Ҳизби сотсиал -демократӣ ва Ҳотамҷон Кетмонов намояндаи Ҳизби халқӣ - демократӣ дигар номзадҳое буданд, ки дар интихобот бо Мирзиёев дар рақобат буданд.

Интихоби шоиста
Нозирони байналмилалӣ аз омодагиҳо ва баргузории бонизом ва метавон гуфт, хеле зебои ин чорабинӣ изҳори ҳайрат кардаанд.
Раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, аз ҷумлаи онҳое, буд, ки бо ҳайате аз кишварамон дар ин рӯйдоди муҳим иштирок кард.
Ба гуфтаи ӯ ва чанд нафари дигар, ки бевосита раванди тайёрӣ ва баргузории интихоботро мушоҳида кардаанд, то рӯзи пеш аз овоздиҳӣ варақа,баннер бо суратҳои номзадҳо ва овезаҳои таблиғотӣ тамоми витринаҳои фурӯшгоҳҳо, ресторанҳо, биноҳои воқеъ дар хиёбону кӯчаҳоро пур карда буд, аммо дар «рӯзи оромӣ» ин ҳамаро чунон моҳирона тоза карданд, ки ҳатто пайи ширешу часпи он дида намешуд.
Ба гуфтаи нозирон, дар ҷӯй ва атрофи роҳу биноҳо ҳам нишоне ё порае варақаҳои таблиғотӣ ба мушоҳида нарасид.
Ҳар нафаре, ки аз берун ворид шуда буд, равшан медиду бовар ҳосил мекард, ки дастандаркорон ин чорабиниро дар сатҳи муносиб ташкил карда, бо масъулияти баланд гузаронданд.
Масъулон нисбати номзадҳо муносибати яксон доштанд ва ба нозирони кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ вобаста ба талабашон тамоми иттилооти лозимро пешниҳод мекарданд.
Беҳуда набудааст, ки намояндаи Голландия Корнелис Ладаҷ зимни суҳбат бо хабарнигорон бо табассум иқрор шуд, ки аз чанд интихоботи президентӣ, ки иштирок дошт, интихоботи Ӯзбекистон бештар демократӣ буд.
Фредерик Старр, намояндаи Америка, ки дар гузашта мушовири президентҳои ин кишвар Роналд Рейган ва Ҷорҷ Буш дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ будааст, низ баргузории интихобот ва иштироки мардумро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ донист.
Он чӣ, ки бисёре аз пойгоҳҳои хабарӣ ба он таваҷҷуҳ карданд, ин чиз ҳам буд, ки ҳамаи чор номзад беягон тафовут дар вақти муайяншуда ба қитъаҳои овоздиҳӣ ҳозир шудаанд. Танҳо ҷиҳати фарқкунандаи яке аз номзадҳо ин будааст, ки иҷрокунандаи муваққати вазифаи президент Шавкат Мирзиёев ба овоздиҳӣ ҳамроҳ бо аҳли оилааш иборат аз 8 нафар омада овоз дод.
Ин ҳам як нишонаи он буд, ки раҳбари нави Ӯзбекистон ба одату арзишҳои суннатӣ арҷ мегузорад, агарчӣ мехоҳад ҷомеа ва кишвари худро дар радифи кишварҳои мутараққӣ қарор диҳад.
Ҳолномаи раҳбари нави Ӯзбекистон ҳам хеле ҷолиб аст.
Шавкат Мирзиёев соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Баъзе аз манбаъҳо бар ин нукта ҳам ишора мекунанд, ки падараш солҳои 1960 аз деҳаи Яхтани Ӯротеппаи Тоҷикистон ба ин ноҳия кӯчидааст.
Падари Мирзиёев хатмкардаи Донишкадаи тиббӣ буда, тамоми умр ба сифати духтури бемориҳои сил кор кардааст.
Ш. Мирзиёев соли 1981 Институти ирригатсия ва механизатсияи Тошкандро хатм карда, чанд муддат дар созмонҳои комсомол ва ҳизбӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Як муддат муовини раиси Донишкада ҳам будааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад. Таҷрибаи кор дар соҳаи обрасониро ҳам дорад.
Соли 1990 вакили Маҷлиси Олии Ӯбекистон ва соли 1994 узви парламенти нав - Маҷлиси Олӣ интихоб шудааст. Соли 1992 ба мақоми ҳокими ноҳияи Мирзо-Ӯлуғбеки шаҳри Тошканд таъин гардида пас аз муддате ба вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд мансуб шуда, муддати 13 сол мақоми сарвазири кишварро бар уҳда дошт.
Бар асоси иттилоияи КМИР-и Ӯзбекистон 88,61 дарсади овоздиҳандагон ба ӯ раъй додаанд.


Ба кадом самт ?
Бисёриҳо интизоранд, ки бубинанд президенти нав кадом роҳи сиёсиро барои пешрафти кишвараш интихоб мекунад.
Агарчӣ ӯ муддати се моҳи дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи раҳбари будан борҳо ишора кард, ки хатти сиёсии Каримовро идома медиҳад, ба ягон созмони нав ҳамроҳ намешавад ва барои ҷойгир шудани пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар хоки Ӯзбекистон иҷозат намедиҳад, бо кишварҳои ИДМ ҳамкориро тақвият мекунад. Бо вуҷуди ин изҳори назарҳо, ба андешаи таҳлилгарон нуктаҳое аз ин эъломияҳо бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои миллии кишвар бо мурури замон тағйир ёбанд. Яъне Мирзиёев ҳам метавонад баъзе иқдомотеро анҷом диҳад, ки президенти қаблӣ истифода карда буд.
Аммо ба эҳтимоли қавӣ, раҳбари нав сиёсати чандқутбии Ӯзбекистонро тавсиа дода, муносибатҳо ба кишварҳои ҳамсоя ва Русияро дигаргун ва ба марҳалаи нав ворид мекунад.
Тошканд ҳамзамон бо ҳифзи робитаҳои хуб бо Москва бо Пекин ва Вашингтон ҳам муносибати нек хоҳад кард.
Дар ҳар сурат, мо ба беҳбуди муносибатҳои ин кишвар бо Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз дигарон бовар дорем. Фақат ин ки дар чанд моҳи ахир ҳайатҳои гуногуни кории мақомоти тоҷик ба Тошканд мақомоти ӯзбек ба Душанбе рафтуомадњо доштанд, худ нишонае аз вазидани боди гарм дар ин муносибатҳо аст.
Хабари аз аввали моҳи январ оғоз ёфтани парвози ҳавопаймоҳо байни Тошканду Душанбе ҳам барои ҳар сокини ду кишвар хурсандиовар аст.
Дар сурати хуб будани ин равобит масъалаи таъмини суботу амнияти минтақвӣ ҳам беҳтар хоҳад шуд, зеро ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар, имкони ворид шудани мубаллиғон ва унсурҳои ҷиноии ифротгаро аз хоки Афғонистон ба минтақаро коҳиш медиҳад.
Умед аст, ки дар ин замина Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз шароит ва имкониятҳои Созмони ҳамкории Шанхай васеъ истифода мекунанд.

Нақши муҳоҷирон
Ӯзбекистон дар баробари Тоҷикистону Қирғизистон кишваре аст, ки шумораи бештари муҳоҷиронаш дар хориҷ ва бештар дар Русия кор мекунанд. Шумораи муҳоҷирони ӯзбек дар ин кишвар қариб 2 миллион нафар эълон шудааст.
Бино ба гузориши ниҳодҳои байналмилалӣ ҳоло қариб 5 дарсади даромади Ӯзбекистон аз ин муҳоҷирон ворид мешавад.
Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон барои иштироки фарогири ин муҳоҷирон дар қаламрави Русия ҳам қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда буд. Бо дар назардошти ин ки аз 21,4 миллион нафар овозидҳандаи сабти номшуда қариб 2 миллион дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, иштироки онҳо дар овозидҳӣ муҳим дониста мешуд.
Таъмини ширкати муҳоҷирон дар интихобот ба мақсади фароҳам кардани шароити саҳмгузории онҳо дар рушди иқтисоди кишвар ҳам мебошад.
Ба ақидаи аксари нозирон, интихобот чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар қитъаҳои овоздиҳии дар хориҷ ташкилшуда дар фазои ором ва дар доираи стандартҳои байналмилалӣ баргузор шуда, қонуншиканиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида нарасидааст.

САҲА чӣ мегӯяд?
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки ба унвони яке мунаққидони чорабиниҳои сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шинохта мешавад, дар чанд соли ахир бори аввал дар интихоботи Ӯзбекистон ба таври васеъ иштирок кард.
Аз ин созмон 20 нозир барои дарозмуддат ва 250 нозир барои кутоҳмуддат ба Ӯзбекистон омада буданд.
Дар анҷоми интихобот ин ҳайат дар гузорише фаъолияти хуби номзадҳо, иштироки фаъоли интихобкунандагон, кори созмонҳои иҷтимоӣ ва рафти дурусти овоздиҳиро тавсиф карда бошад ҳам аз кам будани баҳсҳои сиёсӣ миёни худи номзадҳо дар вохӯриҳо ёдовар шуда, онро аз камбудиҳои ҷузъии ин маъракаи сиёсӣ донист.
Чунин арзёбиҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки бархе аз мухолифони ӯзбеки дар гузашта бадномшуда ва аз Ӯзбекистон фирор карда, аз рӯйи одат бадгӯиҳое нисбати ин рӯйдоди сарнавиштсоз доштанд ва талош карданд чун ҳамеша рӯйи мардуми Ӯзбекистон ва сиёсати давлатро боз ҳам сиёҳ нишон диҳанд.
Аммо ин ки интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон бо маълум кардани номзади арзанда таҳаввули ҷиддӣ ва мусбатеро нафақат барои ин кишвар, балки барои тамоми минтақа хоҳад дошт, чизе намегӯнд Агачӣ ин нодида гуфтанҳо чизеро иваз намекунад.
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: