Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даромади иқтисодии беш аз 60 ҳазор хонавода беҳтар мешавад

Даромади иқтисодии беш аз 60 ҳазор хонавода беҳтар мешавад

19-07-2018, 09:54
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Даромади иқтисодии беш аз 60 ҳазор хонавода беҳтар мешавад
Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки муассиса тавассути татбиқи зерлоиҳаҳои инфрасохторӣ, ташкили чариши чарогоҳгардонии чорво, қитъаҳои намоишӣ ва ғизодиҳии алафзор беҳтар гардонидани ҳолати 80 ҳазор гектар замини чарогоҳҳоро дар даҳ ноҳияи вилояти Хатлон ба уҳда дорад. Кор дар ин самт дар ду марҳала аз моҳи сентябри соли 2012 то охири марти соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Дар марҳалаи аввал бо мақсади кишт, истеҳсол ва фурӯши тухмии рустаниҳои хӯроки чорво ба 18 хоҷагии деҳқонии инфиродии ноҳияҳои зерҳадаф беш аз ёздаҳ тонна тухмии хушсифати ҷав ва юнучқа дастрас карда шуд. Дар панҷ ноҳия бисту чор клиникаи байтории хусусӣ сохта, онҳо бо мутахассис ва миқдори даркории доруворӣ барои як сол таъмин гардиданд. Ин клиникаҳо дар панҷ ноҳия ба беш аз 14,4 ҳазор хонавода дар самти солимнигаҳдории чорво хизмат мерасонанд. Танҳо дар давоми соли гузашта барои пешгирии касалиҳои сироятӣ зиёда аз 32,4 ҳазор сар чорвои калон ва қариб 60 ҳазор сар моли майда эмгузаронӣ шуданд. Дар доираи лоиҳа барои ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон 551 трактори истеҳсоли Беларусия харида шуд.
Бо мақсади кумакрасонӣ дар беҳтар намудани статуси ғизо ва баланд бардоштани даромаднокии бонувон дар ноҳияҳои зертобеъ 15 сехи хурди коркарди пашм кушода, беш аз 110 нафар ба коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулоти пашмӣ фаро гирифта шуданд. Ба 450 нафар зан барои такрористеҳсолкунӣ бузу гӯсфанд дода, инчунин 13 нафар зан аз оилаҳои ниёзманд бо 130 оилаи занбури асал ва 11 ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон бо 300 оилаи занбури асал таъмин шуданд. Дар доираи лоиҳа дувоздаҳ гурӯҳи занон ба хушк кардани мева ва бастабандии он машғуланд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ду марҳала афзун намудани даромади иқтисодии 60,4 ҳазор хонаводаи камбизоат бо роҳи баланд бардоштани даромаднокии чорводорӣ ва идоракунии самараноки чарогоҳҳо мебошад.
Н. ХУДОЙБАХШОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: