Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Раҷаббой Аҳмадзода: «То 1 июли соли равон ба эҳтиёҷмандон зиёда аз 20 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст»

Раҷаббой Аҳмадзода: «То 1 июли соли равон ба эҳтиёҷмандон зиёда аз 20 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст»

18-07-2017, 08:27
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Раҷаббой Аҳмадзода: «То 1 июли соли равон ба эҳтиёҷмандон зиёда аз 20 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст»

/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва ғайра майдони 3463 гектарро (аз он обӣ 3407 гектар) ба гардиши кишоварзӣ ворид намуд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ якҷоя бо майдони боғу токзорҳо дар давоми нимсолаи аввал майдони умумии 6021 гектар, аз он обӣ 3647 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки заминҳои бекорхобида бояд барқарор шаванд. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мо тасмим гирифтем, ки ин супоришро дар амал татбиқ намоем»,-зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2010 то соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони умумии 29 ҳазору 668,05 гектар ба эҳтиёҷмандон барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз майдони умумӣ то 1 июли соли равон 20340 гектар замин тақсим шудааст, ки 69 фоизро ташкил медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: