Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод

Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод

17-07-2018, 08:02
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 9 млрд. 517,9 млн. кВт соат неруи барқ бо дарназардошти неругоҳҳои хурд истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 351,5 млн. кВт соат зиёд мембошад.

Усмоналӣ Усмонзода инчунин иброз намуд, ки вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” дар Вазорат нақшаи дохилисоҳавӣ тасдиқ ва ба тасвиб расонида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳои омодагӣ дар иншооти энергетикӣ Ситоди фаврӣ таъсис дода шуд.

“Ситоди фаврӣ ҳар моҳ ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳавиро оид ба омодагӣ ба мавсим мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, иҷрои чорабиниҳои нақшавиро таъмин менамояд. Ҷараёни иҷрои бандҳои дахлдори қарори мазкур таҳти назорати доимии Вазорат қарор дошта, корҳои пайвастшавӣ ва тармимӣ дар биноҳо ва дохили биноҳои шаҳракҳо айни замон идома доранд”,-афзуд У.Усмонзода.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: