Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маркази миллии тестӣ: барои довталабон даври асосии имтиҳонот оғоз ёфт

Маркази миллии тестӣ: барои довталабон даври асосии имтиҳонот оғоз ёфт

3-07-2018, 15:08
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Маркази миллии тестӣ: барои довталабон даври асосии имтиҳонот оғоз ёфт

Июль 3, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ– қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон ҳатмӣ аст, оғоз гардид. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 14 331 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, дар назар аст. Соли равон шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнависшуда 94 ҳазору 905 нафарро ташкил дод.

Мувофиқи ҷадвали муқарраршуда, даври асосии имтиҳонҳо аз 1 то 13 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: