Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11 тағйир ёфт

Дар Душанбе самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11 тағйир ёфт

2-07-2018, 13:14
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11 тағйир ёфт
Июль 2, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз имрӯз, 2 июл дар хатсайри рақами №43 миқдори автобусҳои нави замонавии тамғаи «AKIA» зиёд карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11 тариқи хиёбону кӯчаҳои А.Ҷомӣ, Соҳилӣ, академик Раҷабовҳо ва самти бозгашт кӯчаҳои С. Шерозӣ, Соҳилӣ ва А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ин амал бо мақсади кам кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А. Қаҳҳоров ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии он ба роҳ монда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки сабаби тағйирот дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки рӯзҳои охир ба назар мерасад, ин ҷараён доштани корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди пойтахт мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: