Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд29-06-2018, 14:33
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
29.06.2018 13:43, шаҳри Хуҷанд 29 июн дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Дар замони истиқлолият аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст. Илова бар ин, дар се соли оянда ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи сеюним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, соли 2017 ҳиссаи вилоят дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 27 фоизро ташкил кардааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 32 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7 фоиз ва дар панҷ моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Тайи солҳои 2017-2018 ба вилояти Суғд ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудааст. Содироти мол аз вилоят дар зарфи солҳои 2000-2017 аз 109 то 505 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст. Аммо ин нишондиҳанда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2017-ум 109 фоиз иҷро шудааст, вале иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардида, илова бар ин, ҳаҷми бақияпулии андоз то моҳи июни соли ҷорӣ ба 110 миллион сомонӣ расидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вобаста ба талаботи замони муосир, нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам кам аст ва аз роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолияти бештар талаб карда мешавад. Таъкид доштанд, ки айни ҳол Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таъсиси даҳҳо корхонаи нав ва ташкил намудани ҳазорҳо ҷойи нави кор, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Дар барномаи мазкур татбиқи 188 лоиҳа ба маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале то ба имрӯз ба ин самт ҳамагӣ 2 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки ин хеле кам мебошад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд амалӣ кардани корҳои дар барнома пешбинишуда тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин натиҷаҳои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаро таҳлилу баррасӣ карда, баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъминоти оби босифати ошомиданӣ ба аҳолӣ, обёрии заминҳову истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва дигар хизматрасониҳо ба аҳолӣ, ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Супоришҳои дигар ба раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷойдошта, андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, бо воридоти технологияҳои муосир бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ, дода шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари мо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни сафари ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ба ин ҷумҳурии ҳамсоя намоиши маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноатӣ супориш доданд, ки ба ин чорабинӣ аз имрӯз ҳамаҷониба ва ҷиддӣ омодагӣ бинанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба зарурати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҷалб карданд. Таъкид гардид, ки бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ дар шафати роҳҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар ин самт буда, метавонанд ҳазорҳо нафар аҳолии кишварро, махсусан, дар деҳот бо шуғл таъмин намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо ва амалҳои номатлуб, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф, зиёиён, ходимони дин ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки барои ба роҳ мондани корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ бо мардум, алалхусус, дар байни ҷавонон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зичу пурсамар дошта бошанд. Имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодоми вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷашни Ваҳдат ду сол баъд, яъне моҳи июни соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ доир карда шавад. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомот вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани ин ҷашн корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо заҳмати содиқонаву пурсамар, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон таҷлил кардани ин иди умумимиллӣ, Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода, мардуми ватандӯсти кишварро ҳидоят карданд, ки аз имрӯз омодагии ҷиддӣ гиранд. Барои ин бояд дар давоми се соли дарпешистода дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар ин кори хайр мардуми заҳматқарину соҳибмаърифати вилояти Суғд ва роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ пешсафу намуна хоҳанд буд. Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ соҳибкорони ватандӯст бо иқдомҳои созанда баҳри истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, ба Пешвои миллат барои дастгирии соҳибкории хурду миёна изҳори сипос карданд. Ҳамчунин дар мулоқоти имрӯза ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои вилоят давоми 5 моҳи соли 2018 шунида шуд. Раиси вилоят аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо ва ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.