Соли Маймун30-12-2015, 12:10
Хабарро хонданд: 538 нафар
Назарҳо: 0
Соли Гӯсфанд чу шуд порина,
Мучали тоза расид, - Бӯзина. Соли Гусфанд, ки буд пурғавғо, Шуда ишқ дар Димишқ нопайдо. Соли хунрезиву хокбези араб, Соли ҷангу ҷадалу соли ғазаб. Соли бадномии исломи Худо, Ҷаҳду ҷанг, гӯйи ки бо номи Худо. Соли куштори мусулмони Худо, Худкафонӣ, на ба фармони Худо. Соли марги ҳама раҳгумзадагон, Ҳамчу Гӯсфанди рама гумшудагон. Соли Гӯсфанд ба ҳазор қурбонӣ, Даргузашт бе сару бе шӯбонӣ. Даррасид, Маймунаки хушбозӣ, Нигаред, Маймуну маймунбозӣ. Соли Нав, соли «банан» - дӯстдорӣ, Соли харбузаву тарбузкорӣ. Бодаринг ҳарфи сари хон шавад, Ҳандалак роҳатаки ҷон шавад. Пахта ҳайҳот накорад мардум, Донае чанд гирад аз гандум. Соли Маймун ҳама ҷо гармӣ шавад, Ҳосили кишти ҳама лалмӣ шавад. З-он ки Бӯзина бувад бозингар, Насли ин сол шавад бозингар. З-он ки Маймун ба одам монанд, Ҳар қадам чидаву бо ҳам монанд. Соли Маймун шавад арзонӣ, Мева гардад шарафи деҳқонӣ. Меваи боғ фаровон шавад, Роҳати ҷонаки деҳқон шавад. Соли Маймун пур аз рақс шавад, Ҳама ҷо шодиву қарсак шавад. Соли Нав соли фараҳмандӣ шавад, Соли дилдодану дилбандӣ шавад. Соли Маймун муборак бошад, Тифли тоҷик қаторак бошад. Соли Маймун ҳаваси Кайҳонӣ, Сериву пуриву ҳам арзонӣ! ©Кайҳони Суфӣ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.