Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯрӣ

Вохӯрӣ

22-06-2018, 08:24
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Абди Авозови ноҳияи Восеъ суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Ин навбат, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи Гулободи ҷамоати деҳоти зикргашта бо мардуми заҳматкаши ин маҳалла вохӯрӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроичяи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолият ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолтарин ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва имрӯз тасмим гирифтааст, бо тамоми сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрию сӯҳбатҳо доир намояд ва бо мақсади бозҳам наздик шудан бо сокинон дар деҳаҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳад.
Инчунин, зимни суханронӣ оиди хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ, омили паст кардани шиддати бекорӣ ва баланд намудани сатҳи некуаҳволӣ андешаронӣ карда шуд.
Дар охир сокинон ва фаъолони маҳаллаи Гулобод ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат баён карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: