ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат 2 дараҷа паст мефарояд20-06-2018, 11:24
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +9+ 4 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +25 + 30 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.