ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст11-09-2018, 10:01
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Сентябрь 11, 2018 08:07 ДУШАНБЕ, 11.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Вазиши шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шабона +12 +17 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.