Агентии обуҳавошиносӣ: Имрӯз ҳавои ҷумҳурӣ бебориш мешавад11-01-2017, 09:18
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
![]() /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 январ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад. Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 14 то 19 дараҷа ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 32-37 ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.