
Дар толори Кохи Ватани шаҳри Қӯрғонтеппа, дар арафаи истиқболи Соли нави 2016, аз тарафи узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа, раиси шаҳр А. Асадулло ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ Ҷом, медал, Ифтихорнома ва мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маросими тантанавӣ супорида шуд.
Дастаи собиқадорони футболи “Вахш” дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни собиқадорони футбол ҷои аввалро ишғол намуда, соҳиби Ҷом ва нишони ифтихорӣ гардиданд.
Бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар моҳи декабр мусобиқаи баскетбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ташкил карда шуда, дар ҷамъбасти мусобиқаи баскетбол дар байни ҷавонон ҷои аввалро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, ҷои дуюмро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва ҷои сеюмро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 соҳиб гаштанд.
Дар ин чорабинӣ ба 5 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 35 нафар гирандагони стипендияи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа маблағҳо супорида шуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон