Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иҷлосияи навбатӣ баргузор гардид

Иҷлосияи навбатӣ баргузор гардид

29-12-2015, 12:10
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи навбатӣ баргузор гардид
Санаи 28-декабр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов (даъвати V) баргузор гардида, дар он вакилони марудмӣ ва фаъолони шаҳр иштирок карданд. Дар рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Ҳисоботи Раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар соли 2015;
2. Дар бораи лоиҳаи буҷети маҳаллии шаҳри Чкалов барои соли 2016 ва ҳисобот оиди иҷрои буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2014;
3. Дар бораи муқарра намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Чкалов;
4. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Чкалов барои соли 2015;
5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №3 Валиева Мастура Набихоновна оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.

Иҷлосияи навбатӣ баргузор гардидБаъди баррасии масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати вусаът бахшидани робитаи вакилону шаҳрвандон, вусъат бахшидани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр ва иҷроиши саривақтии ваколати вакилон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл бо қарори Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар шаҳри Чкалов ба ҷои вакили ваколаташ пеш аз мӯҳлат қатъгардида, номзадии муовини Раиси шаҳр Мухторов Киромиддин пешбарӣ гардида буд. Дар ин радиф, санаи 27 декабр дар шаҳри Чкалов интитхобот баргузор гардид. Дар интихобот Мухторов К. бо гирифтани 74,6%-и овозҳо пирӯзӣ ба даст оварда, дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов ваколати вакил тасдиқ гардид.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: