DataLife Engine > Чорабинихои ХХДТ > Боғбон рисқи худ аз пушти гулистон мехӯрад

Боғбон рисқи худ аз пушти гулистон мехӯрад


29-12-2015, 10:31. Разместил: admin Боғбон рисқи худ аз пушти гулистон мехӯрадРӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар
Боғбон рисқи худ аз пушти гулистон мехӯрад
Боғдорӣ соҳаи сердаромад ва афзалиятноки риштаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин солҳои охир бо ташаббуси шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур хеле тараққӣ ва инкишоф ёфт, ҳазорҳо гектар боғҳои нав эҳё ва садҳо гектари дигар аз сари нав барқарор карда шуданд. Дар ноҳияи Вахш низ ба ин соҳа диққату эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Барои тараққии он ашхоси пуртаҷриба ҷалб гардида, даҳҳо нафар бо ҷои нави корӣ таъмин ва сатҳи зиндагии мардум, бемайлон боло бурда мешавад. Деҳқони пуртаҷриба, узви КИМ ҲХДТ Камолов Мусамир аз ҷумлаи онҳост. Боғи содиротии бунёднамудаи ӯ дар майдони даҳ гектар доман паҳн намуда, дар боғ меваҳои беҳтарин парвариш карда мешавад, саҳмдорон ҳамасола ҳосили фаровони меваҷот ба каф меоранд. Аз ин ҳисоб даҳҳо ҳазор сомонӣ даромади софи иқтисодӣ ба даст оварда мешавад. Марди кордон Камолов М. ният дорад, ки дар оянда боз даҳҳо гектар боғоти нави содиротӣ бунёд намуда, барои таъмини барномаи озуқаворӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон
Боғбон рисқи худ аз пушти гулистон мехӯрад
Вернуться назад