
Дар деҳаи Басманда, ки аз ҷиҳати аҳолӣ деҳаи сернуфузтарин дар ноҳияи Ғончӣ маҳсуб меёбад, намояндагии ТҶ «Созандагони Ватан» мунтазам амал менамояд. Дар арафаи ҷашнвораҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони бо онҳо баробаримтиёз, оилаҳое, ки фарзандонашон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ба ҳалокат расидаанд, Ҷанговар-байналмилалчиён мавриди аёдату хабаргирӣ қарор доранд…
Дар доираи чорабиниҳои аксияи ТҶ «Созандагони Ватан» «Мо ҳомиёни ин Ватанем» бо роҳбарии аъзои Шӯрои НТҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ Ҳ.Ғафуров ва аъзоёни Шӯрои занони деҳаи ҷамоати деҳоти Ваҳдат аёдати оилаи сарбозе, ки додари маҷрӯҳ дорад, ба роҳ монда шуд. Зимни ин вохӯрӣ, модари сарбоз аз рафти хизмати фарзандаш изҳори хушнудӣ карда, гуфт, ки «шукр мекунам, ки фарзандамон дар назди Модар-Ватан қарзи фарзандии худро бо сари баланд ба ҷо меорад истодааст».
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ