Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Саидҷон Нодирӣ: Бемориҳо ҷавон мешаванд

Саидҷон Нодирӣ: Бемориҳо ҷавон мешаванд

28-05-2018, 12:05
Хабарро хонданд: 457 нафар
Назарҳо: 0
   Саидҷон Нодирӣ: Бемориҳо ҷавон мешаванд
Илми тиб ва паҳлуҳои гуногуни он то ҳанӯз ҳам дар ҳоли омӯзиш қарор дораду роҳу усули табобати беморон мавриди назари мутахассисони ин соҳа мебошад. Ин аст, ки бо пешрафти соҳаи тандурустӣ шакл ва хусусиятҳои дармони дарди беморон ба таври гуногун рӯи кор меояд. Гиёҳдармонӣ аз ҷумлаи шохаҳои маъмули илми тиб ба шумор меравад. Тавре мутахассисон мегӯянд, табиати Тоҷикистон аз гулу гиёҳҳои шифобахш бой аст, аммо истифодаи дуруст ва бозшинохти хусусиятҳои шифобахшии онҳо яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Солҳои охир муҳаққиқони илми тиб тавонистанд дар самти гиёҳдармонӣ ба муваффақияти назаррасе ноил гарданд.
Саидҷон Нодирӣ номзади илмҳои тиб, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳ, рӯҳшинос, гиёҳшинос, ва яке аз пажӯҳишгарони соҳаи гиёҳдармонӣ, аз ҷумлаи таббибонест, ки дар баробари муолиҷа бо сухан, сӯзанзанӣ, бо усули гиёҳдармонӣ низ маризонро ба табобат фаро гирифтааст. Аз фурсат истифода бурда, бо ин табибе, ки дар тамоми самтҳои тибу табобат муваффақ гаштааст, суҳбате оростем.
- Нахуст бигӯед, ки шумо чанд сол аст дар ин соҳа фаъолият доред ва то ҳанӯз ба кадом дастоварду комёбҳо ноил гаштаед?
- Банда 44 сол аст,ки дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият дорам. Фаъолияти худро дар ин соҳа, ҳамчун ҷарроҳ дар маркази ёрии таъҷилӣ шурӯъ кардам. Вақте ки корро дар он ҷо сар кардам, ҳамчун равоншинос ҳам шуғл доштам. Рӯзе бемореро оварданд, ки вуҷудаш ягон сӯзандоруро қабул намекард. Ин шахс иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ буд. Ман таклиф кардам, ки ӯро бо усули гипноз (сеҳри сухан) ҷарроҳӣ кунем. Ҳамаи сардухтурон, ҳатто онҳое, ки дар ин соҳа унвони профессориро соҳиб буданд, ба ман ба ҳайрат нигариста, зимнан «ақлашро хӯрдаст»-мегуфтанд. Вале ман дар гапам истодагарӣ карда, бо ин роҳ тавонистем сангро аз гурдаи муйсафеди бемор гирем. Ҷарроҳӣ тахминан як соату 50 дақиқа давом кард ва бо мувафаққият анҷом ёфт. Ҳамин тавр,нахустин ҷарроҳӣ бо гипнозро дар Тоҷикистон ба роҳ мондем, ки пештар касе ба ин кор даст назада буд. Баътар чанд нафари дигарро, ки аз тарс баданашон ягон доруро қабул карда наметавонист, таҳти таъсири гипноз ҷарроҳӣ мекардем.Дар соҳаи гиёҳдармонӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расондам ва маълумоти кофие низ дар ин ҷода ба даст овардаам. Бо истифода аз ривоятҳо ва фармудаҳои донишманди бузурги тоҷик шайхурраис Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Гиёҳдармонӣ амрози санги гурда бо дорухатҳои Абуали ибни Сино» рисолаи илмӣ анҷом дода, онро соли 1999 дифоъ кардам. Инчунин зиёда аз 50 мақолаи илмиро дар ҷодаи махсусиятҳои соҳаи дармонбахшӣ бо усули гиёҳҳо таълиф намудам.
- Шумо табобат бо роҳи гиёҳдармониро ба кимёвӣ тарҷеҳ медиҳед?
- Бахши гиёҳдармонӣ дар шароити имрӯза хеле хуб аст. Дуруст аст, ки баъзе вақтҳо бо доруҳои кимёвӣ низ наметавон кори табобатиро пеш бурд, аммо дар бисёр ҳолатҳо то он даме, ки беморӣ ба авҷи хурӯҷи худ нарасида бошаду дар ҳоли пайдоиш қарор дорад, истифода бурдан аз гиёҳҳои табобатӣ хеле хуб ва ба маврид аст. Зеро гиёҳҳо ҳеҷ гуна зарраи ҷиддие ба саломатии инсон намерасонанд, дар ҳоле, ки доруҳои кимёвӣ як бемориро аз байн баранд ҳам, дар баъзе лаҳзаҳо боиси авҷи дигар беморӣ дар вуҷуди инсон низ мегарданд.
Ҳангоми кушодани беморхона дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ба роҳ мондани табобат бо ёрии гиёҳдармонӣ махсус зикр намуданд. Чуноне ки маълум аст ҳазор солаҳо гузашт, аммо ғалтондани санги пешобдон ҳамоно тавассути тарбуз боқист ё ин ки пудина сангшикан буд сангшикан мондааст. Ҳоло микробҳо низ мувофиқи табиати инсон ва таъсири дармонҳо худро тағйир медиҳанд ва доруҳои пештара ягон нуфузе дар онҳо гузошта наметавонанд. Бо мурури замон дармонҳо низ муракабтару бақувваттар истеҳсол карда мешаванд. Аммо гиёҳҳо то ҳанӯз шакли аслиашонро гум накардаанд ва намекунанд.
- Барои омӯзиш ва ба роҳ мондани гиёҳшиносиву гиёҳдармонӣ дар кишвар шумо чӣ тавсия медиҳед?
- Аз 110 намуди гиёҳҳои шифобахше, ки Сино гуфтааст, дар Тоҷикистон 82, 7 %-и онҳо мерӯяд ва қариб 37 намудашонҳамчун меваҷот истифода мешаванд. Хуб мешуд дар кишваргиёҳҳоро низ дар шакли бастабандӣ ба монанди дигар маҳсулоти хӯроки ҳаррӯза ба фурӯш гузоранд. Масалан, пӯпаки ҷуворимакка, вақте ки ҳамчун маҳсулоти табобатӣ аз Русия меояд, дар дорухонаҳо 50гр онро мо бо нархи 8 сомонӣ мехарем. Бартарияш ҳамин аст, ки дар лиффофаи зебое ҷо шудаст, аммо ғизонокӣ ва таъсири он аз ҷуворимаккае, ки мо дар кишвар мекорем бамаротиб паст аст. Як чизи дигареро бояд қайд кунем, гиёҳҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ба миҷози мардуми мо тезтар ва нағзтар асар мекунанд. Масалан, гиёҳҳое, ки дар Русия ва дигар шаҳрҳои бузург тайёр мешаванд, ба халқи он ҷо зудтар таъсир мекунанд, нисбат ба мо, зеро онҳо мутобиқ ба табиати он ҷо рушд мекунанд ва табиат ҳатман дар ҳолати ҷисмиву равонии мардум таъсир мегузорад.
Хеле ба маврид аст, агар дар кишвар мактаби тибби халқӣ бунёд гардад. Чунки дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон монанди Русия, Алмато, Прага, Фаронса, Украина мактабҳое ҳастанд, ки онҳоро тибби шарқӣ мегӯянд. Дар ин омӯзишгоҳҳо ба пажӯҳиши табобат бо намуди гиёҳҳо, маҳси фосилавӣ, сӯзанзанӣ, бо сеҳри сухан (гипноз) машғуланд. Мо низ бояд дар ин соҳа мутахассисони касбӣ тайёр кунем. Табибони мо дониши хуби гиёҳшиносӣ дошта бошанд, ба манфиати кор аст. Имрӯз донишҷӯёне, ки дар шуъбаҳои фармасефтии донишгоҳҳои кишвар таҳсил мекунад, бояд ҳамроҳи устодонашон дар вақти таҷрибаомӯзӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳо ба кӯҳҳову пуштаҳои кишвар рафта, бо роҳнамоӣ ва намоиши онҳо гиёҳҳои табобатиро чинанд, оварда худашон қоқ кунанд, худашон бастабандӣ кунанд, худашон фурӯшанд ва ин ҳисоб ҳам соҳиби маблағи муайяне мешаванд, ҳам ба ҷомеа фойда мерасонанд. Ғайр аз ин, дар ҷодаи касбашон соҳибтаҷриба ва муваффақ мегарданд. Зеро инсон то он даме, ки ягон кореро таҷриба накардааст, танҳо бо назарияомӯзӣ ба ҷое расида наметавонад.
- Шумо ба ҷуз табобати кимёвӣ ва гиёҳдармонӣ ба равоншиносӣ низ алоқамандӣ доред. Ба андешаи шумо равоншиносӣ дар кишвари мо дар кадом сатҳ аст?
- Алҳол ман дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дар шуъбаи таълим ҳамчун равоншинос кор карда истодаам. Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкур нахустин донишкадае аст, ки равоншинос дорад. Масалан, дар Амрико 1,5 миллион равоншиносон кор мекунанд, ҳар як оила шахсони сарватманд, ҳатто як нафари соатсоз ҳам равоншинос дорад. Инсоният низ офаридаи мураккабест ва ҳолате мешавад, ки ранги дарё талотум дорад, ранги боду ҳаво тағйирёбанда аст, гоҳ-гоҳ мувозинати ҳолатҳои рӯҳияш вайрон мешавад, бинобар ин бояд духтури рӯҳшинос дошта бошанд, кидар чунин мавридҳо мувозинаи ноҷури рӯҳияшро барқарор кунад. Имрӯзҳо ҳодисаҳои худкушӣ дар ҷомеа дида мешавад. Равоншиносон тадқиқот гузаронидаанд, ки барои чӣ чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд? Онҳо ба он хулосае омадаанд, ки ин воқеаҳо бисёр вақт дар назди купрукҳо ба вуқӯ мепайванданд, ки рангашон сиёҳ аст. Чанде пеш бо супориши Ҳукумати кишвар аз хонумҳои тоҷик таклиф ба амал оварда шуд, ки либоси сиёҳ ба бар накунанд. Дар ин ҷо андешаҳои мухталифе ба вуҷуд омад, ки чаро бояд чунин бошад, аммо хақиқати ҳол ҳамон аст, ки гуфтем. Ранги сиёҳ ранги ғамгинӣ, дилшикастагӣ, азодорӣ, ва ғайра, ки дар ҳолати афсурдагӣ метавонад инсонро то ба марг низ кашида барад. Махсусан, барои занону ҷавонон ин ранг тамоман хуб нест.
Дар табобат низ истилоҳе бо номи «сарчашмаи муайян» мавҷуд аст, ки табиб бояд онро ҳатман ба назар гирад. Масалан бояд бидонем, ки бемор ба чӣ зарурат дорад, танҳо ба сухан, ба дору ё ҷарроҳӣ. Яъне, зуд хулоса баровардан низ кори оқилонае дар ҷодаи табобати беморон нест. Шояд бемор аз таъсири фикри зиёд ва мушкилоти зиндагӣ ба ҳолати беморӣ афтода бошад, ӯро метавон тавсияи равондармонӣ дод, на ин ки зуд дорухат навишта дорухона фиристем. Вазифаи мо, табибон муайян ва пайдо кардани сарчашмаи асосии сар задании бемории шикояткунандагон аст, на зуд хулоса кардан ва баҳо додан ба беморон.
Кадом бемориҳо имрӯз дар кишвар рӯ ба афзоиш ҳастанд?
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта вақте ки мо дар донишгоҳ мехондем, мавзӯъҳои бахши бемориҳои қандро гузаштем. Як муалима дар ҷараёни лексия ним шӯхиву ним ҷиддӣ гуфта буд, ки «Сахар- это болезнь раисов» яъне, ӯ бемории қандро маризии руасо ном мебурд. Аммо бадбахтона, имрӯз тифли навзод ҳам ба касалии қанд мубталост. Дар беморхонаҳо барои табобати ин беморӣ навбат аст. Инчунин бемориҳои дил, сактаи дил низ хеле зиёд шуда, ҳатто ҷавонони 18-19 - сола ҳам аззарбаи муҳлики он эмин нестанд. Бемориҳо рӯз то рӯз ҷавон шуда истодаанд. Чуноне ки зикр кардем, бемории сактаи дилро баъди 50 - солагӣ дучор шудан мумкин буд, ҳоло бошад ҷавонони 18-20 сола низ ба он гирифтор мешаванд. Банда дар як конфронси байналмиллалӣ иштирок кардам, ки оиди бемориҳои ирсӣ суҳбат шуд. Масалан, агар падар маризии қанд дошта бошад, фарзандон ҳам ба он мубтало хоҳад шуд. Вале чунин нест, инсон зиндагиашро худаш тағйир медиҳад, шахс бояд бар муқобили омилҳое, ки бемории қандро афзоиш медиҳад, ба монанди пурхӯрӣ, камҳаракатӣ ва ғайрамубориза барад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки барои беморон давидан ва машғул шудан ба варзишро тавсия медиҳанд, аммо онҳо то варзишгоҳ бо нақлиёт мераванд ва дар он ҷо давида аз бозгашт боз савори нақлиёт ба хонаҳояшон бар мегарданд. Ин хеле хандаовар ба назар мерасад. Агар хоҳем саломатиамонро барқарор кунем, бояд то варзишгоҳ пиёда роҳ гардем. Раҳгардӣ яке аз беҳтарин воситаи нигаҳдории саломатӣ аст.
Бояд гуфт, ки омилҳои зиёде ҳастанд, ки боиси ҷавон шудани бемориҳо гардидаанд. Қабл аз ҳама мушкилоти хонаводагӣ, ғизои носолим ба монанди нӯшокиҳои газнок, истеъмоли нодурусти ғизо, парешонхотирӣ, ҳолати ноороми рӯҳӣ, камҳаракатӣ,ифлосшавии табиати гир атро, махсусан обу ҳаво ва амсоли инҳоро арзёбӣ кардан мумкин аст.

Мусоҳиб Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: