Одамизодам, барои одамӣ ҷон меканам28-03-2016, 17:06
Хабарро хонданд: 631 нафар
Назарҳо: 0
АВВАЛСУХАН
Беш аз 50 сол мешавад, ки дар тибби муосир усули табобат бо роҳи нафас, ки асосгузори он академик Константин Павлович Бутейко мебошаду онро чун усули табобатии «Бутейко» ном мебаранд, роҳандозӣ мешавад. Ин усули табобатӣ дар Федератсияи Русия шуҳрат пайдо карда, садҳо шахсиятҳои машҳур аз ҷумлаи доираҳои шоу-бизнес дар натиҷа дуруст ба кор бурдани табобат аз бемориҳои гуногун шифо ёфтаанд. Ин намуди усули шифобахшӣ дар кишвари мо тавассути шогирди ин академик Мирзоҳамдам Қурбонов роҳандозӣ шуда, он дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. ДИЛИ ИНСОН 150 СОЛ МЕТАПАД, АГАР… Дар яке аз шумораҳои нашрияи бонуфузи «Минбари халқ» маводеро хонда будам, ки дар он сухан дар бораи дили инсон мерафт. Муаллиф (мутаассифона, номашро дар хотир надорам) дар асоси таҷрибаҳои пизишкон дар нигоштааш овардаааст, ки дили инсон бояд 150 сол битапад, аммо одамон басо соддалавҳона ба «таъмири» симояшон миллионҳо маблағро сарф мекунанд, аммо боре фикр ҳам намекунанд, ки ин муҳаррик (манзур дил) низ ба таъмир (табобат) ниёз дорад. Собит шудааст, ки аз синни 25 то 50- солагӣ қисмати бештари одамон ба маризии қалб гирифторанд. Табиб Мирзоқурбон Ҳамдамов, ки беш аз 20 сол инҷониб бо роҳи нафас аз рӯи усули академик Бутейко беморонро шифо мебахшад, чунин ақида дорад, ки маҳз камҳаракатӣ ва номураттаб нафас гирифтан инсонро ба бемории қалб гирифтор месозад. Номбурда аз таҷрибаи кориааш даҳҳо далелу аснод оварда, муътақид аст, ки бе дору ва гузаронидани ҳар гуна ваксинаҳо 90 дарсади бемориро шифо бахшидан мумкин аст. Аз ҷумла бемории қалбу саратонро. Ин суханони табиб Мирзоқурбон Ҳамдамовро аз афсона беш намедонистам, агар бо хости қазову қадар боре ба ӯ корафтода намешудам ва аз усули корбариаш аз наздик ошноӣ пайдо намекардам. ДУБОРА ДИЛГАРМӢ БА ҲАЁТ Бо амри тақдир яке аз хешовандони наздикам бо номи Навбаҳор бемор шуд. Дарди ҷонкоҳ ва ҷароҳати пойҳои замоне дуруст ин духтараки ноболиғро аз зиндагӣ дилшикаста намуд. Ӯ, ки яке аз фаъолаҳои мактаб буд, маҷбур шуд, дар хона бистарӣ шавад ва як сол аз ҳамсафонаш қафо монад. Волидонаш ба пизишкони зиёд муроҷиат намуданд. Духтурон он чӣ ки аз дасташон меомад, карданд. Пӯшида нест, ба табибони халқӣ ҳам муроҷиат карданд, ба пеши фолбину шифобахшони дурӯғин ҳам рафтанд. Аммо ҳол бадтар мешуду беҳтар не. Духтурон ягона роҳи сиҳатёбиро дар буридани пой донистанд, зеро яра рӯз аз рӯз корашро мекард. Он рӯз дур набуд, ки таъсири он ба дил занад. Волидон овозаи табиб Мирзоқурбон Ҳамдамовро шунида, ба Хуҷанд омаданд. Духтур баъд аз сӯҳбати дуру дароз ва ташхис ба соҳибони бемор гуфт, ки илоҷи яраро дуруст кардан ҳаст, вале каҷии пойро сиҳат кардан аз дастам намеояд, зеро он кори духтурони шикастабанд аст. Машғулият оғоз ёфт. Волидон ва ман, ки ҳамарӯза аз ҳолашон хабар мегирифтем, ба усули кори духтур як нав ҳисси нобоварӣ мекардем. Бо гузашти беш аз ду ҳафта аввал бӯйи ғализи яраи пой гум шуд ва обҳои ифлоси яра аз шоридан боз монд. Баъд аз 20-25 рӯз аллакай ҷойи яраро гӯшт пур кард. Ҳамин тавр бо гузашти як моҳ Навбаҳор шифо ёфт, вале ҳамон тавре ки духтур қайд кард, каҷии пой монд. Бо гузашти шаш моҳ ин симои духтараки зебои чеҳрааш маҳзун ҳамеша дар лавҳи хотираи духтур Мирзоқурбон Ҳамдамов ҳувайдо мегардид. Ин буд, ки ӯ бо дӯстони шикастабандаш маслиҳат карда, Навбаҳорро дубора ба Хуҷанд хонд. Духтурон баъд аз ташхис ба ҷарроҳӣ шурӯъ карданд. Давоми шаш моҳ, ки дар ин давра пойҳои ӯ дар «гипс» қарор доштанд, пурра сиҳат шуд. Ҳоло бошад, ин духтараки замоне аз зиндагӣ дилмонда, худ табиб ҳасту барои давобахшии беморон кӯшиш меварзад. Ва тавре худ иқрор мешавад, аз хурдӣ орзуи табиб шудан надошт, аммо иродаи қавӣ, ҳунари волои табибии Мирзоқурбон Ҳамдамовро дида, ҳамин касбро интихоб кард. Дар дасти ман дафтари арзи сипоси шифоёфтагон аст, онро беихтиёр варақгардон мекунам. Дар миёни он бо хати зебо ва бо ҳарфи равон нигоштаи духтараке диққати маро ҷалб кард. «Ман Ғаниева Шаҳноза, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, микроноҳияи 19, кӯчаи Наврӯз-242. Соли шашум аст, ки аз бемории роҳи нафас азият мекашам. Чанд маротиба дар беморхонаҳо бистарӣ шудам. Тамоми дорую сӯзандоруи вобаста ба ин касалиро гирифтам, аммо бо гузашти андак вақт боз беморӣ хурӯҷ мекард. Ҳар гуна хӯрок истеъмол кардан, шамол хӯрдан, бӯидани ҳар гуна чиз мумкин набуд, ростӣ аз зиндагӣ дилмонда шудам. Дигарон дар кисаашон пул гирифта гарданд, ман бошам дору. Волидонам боисрор талаб мекарданд, ки ба шавҳар бароям, ҳамааш хуб мешавад, аммо ман намехостам, ки ҳамраҳи зиндагиамро бадбахт созам. Ҳарчанд худ пизишк будам, аз хуруҷи дард азият мекашидам. Аз як шиносам суроғаи Мирзоқурбон Ҳамдамовро ёфта дилу нодилон ба табобат шурӯъ кардам. Ғайриинтизор давоми 12 рӯз худамро комилан сиҳат ҳис намудам ва пайваста машқи нафас мекунам. Бовар ҳосил кардам, ки тавассути батанзим нафас гирифтан аз ҳар гуна дард инсон раҳоӣ меёбад. Ҳоло соҳиби хонаву дар ва фарзандҳоям. Ба Мирзоқурбон Ҳамдамов сиҳат ва саломатӣ хоҳонам. Бигзор ҳамеша муваффақу комгор бошанд». Сокини шаҳри Хуҷанд Нуъмонҷон Раҳмонов бо иллати бемории сактаи қалб ба беморхонаи касалиҳои дил бистарӣ шуд. Баъд аз табобат дафъаи дувум боз ба сактаи дил дучор гардид. Духтурон ба ӯ маслиҳат доданд, ки аз 2 килогармм зиёд бор набардорад ва асабонӣ ҳам нашавад. Бо ҳидояти хешовандонаш ба табиб Мирзоқурбон Ҳамдамов муроҷиат кард. Аз машқҳои пайдарҳами нафас ӯ сиҳат шуд. Ҳоло бошад, мисли пештара ошпази як коргоҳ буда, рӯзе нест, ки аз бозор 20-25 килограмм борро бардошта наорад. Ин ҳама дигаргуниро номбурда аз самараи заҳмати пизишк Мирзоқурбон Ҳамдамов медонад. Алиқул Ҳамроқулов, сокини шаҳри Истаравшан аз бемории шадиди роҳи нафас азият мекашид, ба назди Мирзоқурбон Ҳамдамов замоне оварданд, ки ҳатто хешону пайвандон ба зинда монданаш бовар надоштанд. Тавре баъд аз сиҳатёбиаш хешон қайд карданд, духтурон ҳини ҷавоб додан аз беморхона қайд ҳам кардаанд, ки кафанашро омода кунанд, зеро аз зиндагии ӯ рӯзҳои башумор мондааст. Вале, аз рӯи нишондоди духтур амал карду ҳоло сиҳати комил аст ва шикояте аз зиндагӣ надорад. Зеро бо зӯри дастону бозу меҳнати ҳалол карда, зиндагиашро пеш мебарад. Ёқубҷон Абдуллоев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бемории гурда дошт. Вақте ӯро ба беморхонаи вилоятӣ оварданд, аз ташхис маълум гардид, ки кори гурдаҳо торафт суст шуда истодаанд. Таркиби хун низ бинобар муътадил кор накардани гурда заҳролуд шуда истодааст. Пас аз муолиҷа вазъ каме беҳбудӣ ёфт. Аммо бо гузашти рӯзҳо ӯ лоғару бемадор мегардид. Мавсуф маҷбур шуд ба пойтахт рафта, дар яке аз клиникаҳои машҳур ба муолиҷа пардозад, аммо асаре аз шифо набуд. Пизишкон ягона роҳи давобахширо дар гузоштани гурдаи нав донистанд. Маълум ки чунин навъи ҷарроҳӣ маблағи калон талаб мекунад. Яъсу навмеди ин ҷавонро фаро гирифта буд. Дар беморхонаи вилоятӣ аз фаъолияти табиб Мирзоқурбон Ҳамдамов огоҳ шуд. Ва моҳи октябри соли равон омада, ба табобат оғоз кард. Тавре худ иқрор мешавад аз ин тарзи муолиҷа ба шифоёбиаш умуман умед надошт. Аммо ҳоло се моҳ мешавад, ки фишораш муътадил аст, пешобравиаш хуб асту аҷибаш он ки ягон дору истеъмол намекунад. Толиб Холовро овозаи бе дору табобат кардани бемории шадиди роҳи нафас аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба Хуҷанд овард. То замони ба Хуҷанд омаданд, ростӣ ягон даргоҳи беморхона дар вилояти Хатлону Душанбе намонд. Дар кисааш ҳамеша доруҳои дексимитазон, теопин, супрастин, деозамин гирифта мегашт. Таи 12 рӯз дар клиникаи табиб Мирзоқурбон Ҳамдамов табобат гирифта, ҳоло худро каме беҳтар ҳис мекунад. Шабҳо ором хоб карда аз доруҳо умуман истифода намебарад. Ва ба дигарон низ тавсия медиҳад, ки ба табиб Мирзоқурбон Ҳамдамов муроҷиат намоянд. ГАР ЯК НАФАСАТ ЗИ ЗИНДАГОНӢ ГУЗАРАД Мирзоқурбон Ҳамдамов кист? Табиб ё сеҳргар. Чӣ асроре дар табобати ӯ ниҳон аст, ки беморони 5-6 сол дар беморхонаҳо хобида, дар натиҷаи дардҳои алим аз зиндагӣ навмед гашта, ба назди ӯ ба муолиҷа меоянду баъди як -ду ҳафтаи муолиҷа бо таъби болидаву лаби хандон ба хона бармегарданд? Магар ин мӯъҷиза нест? Вай дар кӯтоҳтарин муддат вазнинтарин беморонро ба по рост мондааст. - Ман, - мегӯяд Мирзоқурбон Ҳамдамов, - мисли дигар духтурон дар Донишкадаи тиббӣ хондаам, фақат тарзи табобатам аз духтурони дигар фарқ мекунад. Ман одамонро бе дору, бо роҳи дуруст нафаскашӣ табобат мекунам, ки дар илми тиб чун усули Бутейко маъруф аст… Соли 1989 вай тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо бо усули табобатии Бутейко ошно шуд. Азм кард, ки ин тарзи табобатро ҳамаҷониба меомӯзад ва барои барқарор кардани саломатии мардум бештар саҳм мегирад. Соли 1991 бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо кори академик Бутейко бо ӯ дар тамос шуд ва аз нақшаи пешгирифтааш табибро огоҳ намуд. Дере нагузашта Мирзоқурбон Ҳамдамов шунавандаи курси омӯзиши усули Бутейко гардид. Ба ин хотир ӯро лозим омад, ки муддате дар шаҳри Новосибирск бошад. Бо гузашти вақт дар лабораторияи академик аз нозукиҳои ин усул воқиф гардид. Ҳамин тавр дар Осиёи Миёна ягона пайрави кори академик Бутейко Мирзоқурбон Ҳамдамов ба кор шурӯъ кард. - Академик Бутейко, – мегӯяд Мирзоқурбон Ҳамдамов, - дар натиҷаи тадқиқоти беш аз 20- сола ба исбот мерасонад, ки 90 дар сади касалиҳо ба организм бо воситаи нафас медароянд. Яъне сабаби аксари бемориҳо чуқур кашидани нафас аст ва усули махсуси табобатии худро ба миён меорад. Беморонеро, ки дар натиҷаи зиёд истеъмол намудани дору саломатиашон боз бадтар шуда буд, бо усули нави муолиҷа ба по мемонад. Ин усул ду маротиба аз коркард мегузарад. Соли 1985 ба Бутейко ҳуқуқи муаллифӣ доданд. Баъд барои дар илми тиб татбиқ кардани ин усул фармони вазири тандурустии СССР баромад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки тамоми чаррандаю паррандаҳо дуруст нафас мекашанд. Танҳо инсон аст, ки нафаскашиаш ба як низом нест. Набзи тапидаи инсонро ба даст гирифта, фавран муайян кардан мумкин аст, ки ин одам сиҳат аст, ё бемор. Организми ӯ кори чанд одамро иҷро мекунад, нафаси чанд касро мекашад. Барои организми одам ҳамагӣ 2 фисад кислород зарур аст. Агар одам мураттаб ва бо як низом нафас кашад, рагҳои хунгузар аз ҳама гуна моддаҳои кимиёвӣ, сангу намак, ки часпида мондаанд, тоза мешаванд, вақте ки хун дар тамоми бадан бемонеа ҳаракат мекунад, вазни зиёдатӣ гум мешавад ва организм аз нав ҷавон гашта, одам умри зиёд мебинад. Академик Фирӯз Шарипов, мудири кафедраи физиологии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки аз фаъолияти доманадори академик Константин Павлович Бутейко огаҳӣ дорад, зимни суҳбат қайд намуд, ки алҳол дар миқёси Осиёи Миёна ягона табибе, ки давомдиҳандаи кори академик Бутейко аст, ин табиб Мирзоқурбон Ҳамдамов мебошад. Усули пешбурдаи давоии ӯ дар тибби муосири ҷаҳон васеъ истифода бурда мешавад. Ва воқеан ҳам бенизом нафас гирифтан таркиби хунро вайрон намуда, инсонро ба ҳар гуна беморӣ мувоҷеҳ месозад. Ба беморон маслиҳат медодам, ки ба ӯ бовар карда, аз паи машқу тамрини нафас шаванд, он гоҳ бемор нахоҳанд шуд. БА ҶОИ ХУЛОСА Ҳақиқати ҳол чунин аст, ки ҳамарӯз садҳо нафар бо иллати ин ё он беморӣ дар беморхонаҳо бистарӣ мешаванд. Табибони ғамхор шабу рӯз паи он мекӯшанд, ки касалмандон шифо ёбанду он рисолатеро ки онҳо дар назди ҷомеа доранд, иҷро кунанд. Вале чӣ мегӯед, ки бо вуҷуди истеъмоли дорувориҳо на ҳар бемор шифои комил меёбад. Худи пизишкон иқрор мешаванд, ки табобат бо ин ё он дору агар аз як тараф ба организм фоида кунад, аз ҷониби дигар зиён ҳам меоварад. Маълум, ки бино бар камии маош бархе аз духтурон аптекаҳои худро кушодаву аз он каме дастмузд ҳам мегиранд. Лекин нархи дорувориҳо бо он маоше, ки мо мегирем, чандон мувофиқат намекунад. Аз ин рӯ, худи беморон бояд роҳҳои нави шифоёбиро ҷустуҷӯ кунанд, амсоли касоне, ки дар маркази табобатии «Ҳамдам» муолиҷа мегиранд. Тавре худи Мирзоқурбон Ҳамдамов таассуфангез иброз медорад, бо вуҷуди тӯли 20 сол садҳо беморонро шифо бахшиданамон, ҳанӯз ҳам маърифати зеҳнии шаҳрвандон бобати ба мо муроҷиат кардан кам аст. Ҳарчанд дар ин миён даҳҳо шахсиятҳои маъруф дар ин ҷо сиҳатии комил ёфтаанд, гумон мекунам, ки дар зеҳну шуурҳо танҳо он чизро бояд ҷо кард, ки ман шифо ёфтан мехоҳам. Он гоҳ ман аминам, ки дари моро на даҳ кас, балки садҳо нафар беморон мекӯбанд. Ба пизишки номӣ Мирзоқурбон Ҳамдамов, ки чун беҳтарин табиб дар соли 2005 эълон шудааст, ривоҷи кор ва онҳое ки мехоҳанд др ҳолати зарурӣ бо ин роҳ табобат гиранд метавонанд ба идораи ҳафтанома муроҷиат кунанд. Абдусабури Абдуваҳҳоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.