Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НУРИ ДИДА: Имрӯз -Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо

НУРИ ДИДА: Имрӯз -Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо

8-08-2017, 10:20
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
НУРИ ДИДА: Имрӯз -Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо
ДУШАНБЕ, 8.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола 8 август чун Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо (духтурони чашм) ҷашн гирифта мешавад.

Офталмология соҳаи тибест, ки бо бемориҳои босира сарукор дорад. Ба духтури чашм дер ё зуд ҳар як инсон муроҷиат мекунад. Ҳатто дар одамони солим низ баъди 40-солагӣ тағйирёбии табиии нури чашм сар мешавад. Қувваи босира ба инсон 80 фоизи маълумоти заруриро оид ба муҳити атроф таъмин мекунад. Аз ин рӯ ҳар як бемории чашме, ки таҳти таъсири ин ё он омил ба вуҷуд меояд, нороҳатиҳои зиёд ба бор меорад. Ана дар ҳамин лаҳза духтурони чашм ба ёрӣ мерасанд. Барои духтури чашм аз бемори биношуда дида туҳфаи беҳтаре нест.

Тавре духтури чашми Бемористони байналмилалии Ибни Сино Шаҳло Бобоҷонова баён намуд, сабабҳои аслии ба беморӣ гирифтор шудани чашми инсон модарзодӣ, никоҳи хешутаборӣ, риоя накардани гигиенаи босира, инфексияҳо, осебҳо ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонхои мобилӣ) мебошанд.

Хамчунин номбурда иброз дошт, ки ҳатто норасоии ғизо низ метавонад яке аз сабабҳои бемориҳои чашм гардад.

«Имрӯз мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои номусоиди экологӣ умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳоло гирифторони бемории чашм ниҳоят зиёд буда, аксарияти беморонро кӯдакон ташкил медиҳанд»,-гуфт Шаҳло Бобоҷонова.

Ба гуфтаи мавсуф, бештари гирифторони бемории чашм нисбат ба бемории худ камаҳмият буда, сари вақт ба духтур муроҷиат намекунанд, ки ин кори табибон ва табобатро то андозае мушкил мекунад.

«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир, амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз кишвар, балки дар худи Тоҷикистон низ чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ кунанд»,- илова намуд духтури бемориҳои чашми Бемористони байналмилалии Ибни Сино.

Ба иттилои Шаҳло Бобоҷонова, дар бемористони Ибни Сино дар шаш моҳи соли равон 17 нафар гирифторони бемории чашм ҷарроҳӣ карда шуданд ва ин ҷарроҳиҳо бомуваффақият анҷом ёфтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: