Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲНИТ: аз моҷароҷӯйӣ то терроризм

ҲНИТ: аз моҷароҷӯйӣ то терроризм

22-05-2018, 09:41
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
ҲНИТ: аз моҷароҷӯйӣ то терроризм
Мақоли мардумӣ «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» маҳсули таҷрибаи ҳазорсолаи инсонист ва он талқин мекунад, ки пеш аз сар задани мусибату бадбахтӣ илоҷашро бояд ҷуст ва дуруст тасмимгирӣ кард. Мардуми тоҷик ва махсусан, қишри зиёиёни ватанӣ, ки аксаран, охири солҳои ҳаштод ва аввали навадуми асри гузашта ҳолати бетарафӣ ва бетафовутиро аз сар мегузарониданд, бар асари ноилоҷӣ ва ё ҷустӯҷӯ накардани илоҷ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданд. Маҳз дар ҳамон замон ба қавли мардумӣ амал мебоист карда ва «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ» мебоист дарёфт. Аммо, чуноне ки мушоҳида кардем, ҷомеа дар ҷустуҷӯйи илоҷ беҳавсалагӣ кард ва мушкил андар мушкил фарогири ҷомеа гардид. Давоми қисса медонем, ки ба чӣ анҷомид - ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, боиси ҳалоки зиёда аз 150 ҳазор нафар ва тахриби маданият ва иқтисоду иҷтимоиёт гардид. Мусибат ва бадбахтиҳое, ки сари мардум дар он солҳо мисоли сели борон рехт, қабл аз ҳама, ба фаъолияти риёкорона ва худпарастонаи ТТЭ ҲНИТ бастагӣ дошт.
ТТЭ ҲНИТ, ки дар вақташ ва ҳам имрӯз на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақа дардисарсоз буда ва ҳаст, ба унвони муҷрии асосии сенарияи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Сенариянависон ва барномасозони ТТЭ ҲНИТ барои нуфузманд шудани қишри рӯҳонияти наҳзатӣ дар минтақа сармоягузории хуб кардаанд ва ричагҳои иҷтимоиро ба дасти наҳзат вогузоштанд. Роҳи аз ҳама мусоид дар бозиҳои геополитикӣ террори динӣ-мазҳабӣ аст ва аз ин абзори хуби сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта васеъ истифода бурда шуд.
Терроризми динӣ-мазҳабӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ аст. Он дар шакли равонӣ ва ҷисмӣ-физикӣ зуҳур мекунад. Бар ин асос, инсони боварманд ва ғайрибоварманд аз назари фикрӣ ва физикӣ террор мешавад. Тавассути афкандани ҳарос ва парокандани он дар миёни ҷомеа авомуннос ё ба истилоҳи сиёсӣ, «толпа» таҳти тасаллут карор мегирад ва аз тариқи фишорҳои равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, олотӣ назорат мешавад. ТТЭ ҲНИТ ва дастандаркорони он маҳз ҳамин ҳадаф – тасаллути комили авомуннос ва фарҳангиёнро меҳвари кор қарор дода, дар ин замина даҳ соли охир амалиёти густурдаи идеологӣ бурданд. Сӯйистифода аз манобеи исломӣ – Қуръон, ҳадис ва суннат ва дар айни замон ба торҳои нозуки эҳсоси мазҳабии мардуми сода ва зудбовари тоҷик нохун задан стратегия ва тактикаҳои ТТЭ ҲНИТ буда ва имрӯз ҳам аз ин политтехнология васеъ истифода мебаранд.
Натиҷаи фаъолияти ду даҳсолаи наҳзатӣ мазҳабзадагӣ ва хурофишавии ҷомеаи тоҷик буд, ки паёмадҳои аввалиашро охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навадуми асри бист бо чашми сар дидем. Аммо ТТЭ ҲНИТ аз он моҷароҷӯйӣ сер, ки нашуд, нашуд. Чун дар таҳтушшуур ба қудрат ва салтанати беҳудуди исломӣ ҳавасманд аст ва ин «ҳавас»-ро то охири умр дунбол мекунад.
Дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИТ ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористӣ хондани ҲНИТ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ва стратегиашон нест, бинобар ин, аз қабули он имтиноъ меварзанд. Гузашта аз ин, барои террористи наҳзатӣ миллияту халқият бегона аст, танҳо аз идеали худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнагӣ устувор шудааст, меандешад, хуфтухез мекунад, меошомад, мехӯрад ва ниҳоят, мекӯшад. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломӣ тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густардатар мекунанд.
Масъалаи пазируфтани ТТЭ ҲНИТ ба сифати созмони террористӣ аз тарафи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон масъалае нест, ки аз он тавон ҳангома сохт. Тасмим бар уҳдаи давлату кишварҳост, он ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дахл надорад ва давлат ҳеҷ гоҳ ба хотири он ки кишваре наҳзатро террористӣ эътироф кунад, пофишорӣ наменамояд. Бигзор давлатҳо худ дар ин амр тасмим бигиранд. Аз тасмими давлатҳое, ки муаллифи матлаб овардааст, моҳият ва зуҳуроти ТТЭ ҲНИТ иваз намешавад. ТТЭ ҲНИТ ва роҳбари фирории он танҳо пӯсташро иваз мекунад, ин ҳам ба умеди дарёфти маболиғи зарурӣ ва пуштибонии сиёсӣ.
Дар тафовут аз дигар созмонҳои террористии динӣ, ки ҳадафи тамомиятхоҳиро рӯйирост дунбол мекунанд, ТТЭ ҲНИТ ва махсусан, М. Кабирӣ роҳи дигари муборизаро пайгирӣ менамояд. Ин роҳ бар асоси рӯпӯш намудани аҳдофи пуштипардагии наҳзатӣ паймуда мешавад ва зоҳиран Кабирӣ, ки бар тан либоси аврупоӣ дорад, забони англисиро балад аст, истилоҳоти маъмулу гулзанандаи либерализм, демократия, парламентаризм ва амсоли инҳоро дар нутқу суханрониҳояш васеъ истифода мебарад, миёни баъзе созмонҳои байналхалқӣ чеҳранамоӣ карда, ба ин васила дар ҷомеаи маданӣ ва сиёсии ғарбӣ барои худ ва ҳизби султахоҳаш имиҷи сиёсӣ дуруст мекунад. Муколимот, гуфтугӯ, мусоҳибот, музокирот ва суханрониҳои Кабирӣ дар Аврупо ба ҳукми анъана даромадааст ва аз тариқи ин усули сиёсӣ ӯ мавқеияти худро устувор мекунад, вале аз мусоҳибаи ахири роҳбари наҳзатӣ пайдост, ки найрангҳои Кабирӣ барои ҷомеаи аврупойӣ ошкор шуда истодаанд ва тадриҷан парда аз рӯйи фиреби наҳзатӣ бардошта мешавад. Пай дар пай амалӣ нашудани нақша ва барномаҳои наҳзатӣ гувоҳи он аст, ки ТТЭ ҲНИТ дар арсаи минтақавӣ обрӯ ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик аз барномаи фиребои наҳзатӣ огоҳ шуда, аз шахсиятҳои «назаррабо»-и ҲНИТ-ӣ, махсусан Кабирӣ имтиноъ меварзанд. Чун медонанд, ки ҲНИТ чӣ барномаест ва чӣ аҳдоферо дунбол мекунад?
Дар маҷмӯъ, стратегияи асосии наҳзатӣ – касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ -- дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, сохтани тавтеа ва дасисаҳо ва парокандани онҳо, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ, ноҷур сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозӣ менамояд.

Фаридун Ориёӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: