Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сиёсатшинос Шарифов Исомиддин: «Таърихи инсонӣ низоми динӣ ва давлати дунявиро баҳои воқеӣ додааст»

Сиёсатшинос Шарифов Исомиддин: «Таърихи инсонӣ низоми динӣ ва давлати дунявиро баҳои воқеӣ додааст»

16-11-2017, 10:43
Хабарро хонданд: 398 нафар
Назарҳо: 0

Мусоҳибаи ихтисосии сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдам бо сиёсатшиноси тоҷик, номзади илмҳои фалсафа дотсент, мудири кафедраи гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шарифов Исомиддин

Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар манотиқи гуногуни сайёра, махсусан дар кишварҳои мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Суйистифода аз дини ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми минтақаҳои Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайси васила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллии мардум низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд ва сохтори сиёсӣ ва давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ ташкил гардида, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ тарҳрезӣ мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ва рӯшанӣ андохтан ба мавзӯи дар шароити имрӯзӣ то андозае ҳассоси «низоми динӣ ва давлати дунявӣ» суҳбате оростем бо донишманди тоҷик, сиёсатшинос Шарифов Исомиддин, ки хулосаи онро манзуратон месозем.
-Нахуст, ба шумо изҳори сипос менамоем, ки вақти қимати худро дареғ надошта, барои анҷоми як суҳбати ихтисосӣ ризоият додед. Пурсишро аз мафҳумҳои «диният» ва «дунявият» шурӯъ мекунем. Дар ин ду мафҳум чӣ асроре нуҳуфтаааст?
- Албатта, бо як-ду ҷумлаи муқаддимавӣ наметавон моҳияти ин ду мафҳуми калидиро, ки сари онҳо дар адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ ва матолиби расонаӣ баҳсҳои зиёд сурат гирифта ва мегирад, мушаххас кард. Аммо метавон ба масъалаи диният ва дунявият аз зовияи ихтисосӣ ва илмӣ нигарист ва онро дар ҳошияи назариёти илмӣ матраҳ кард. Диният ба забони сода, тасаллути ҳукумати динӣ барниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар шакли истилоҳӣ, аз он ба унвони «клерикализм» ёд мекунанд. Ба сухани дигар, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва ҳукумат аз нуфузи махсус бархӯрдоранд.Ба таври куллӣ, ин гуна низомро низоми динӣ мегӯянд. Дигар ин ки дар низоми клерикалӣ-динӣ на қонунҳои дунявӣ, балки қавонини илоҳӣ ба унвони меъёри сохторӣ ва давлатӣ амал мекунанд. Дар муқобили ин низоми сиёсии дунявӣ қарор дорад.
Ҷиҳати мушаххас кардани низомҳои диният ва дунявият дар зиндагии мардуми минтақа ва ҷаҳон чанд нуктаи муқаддимавиро мебояд арз кард. Мардуми мо зери бори низоми динӣ-исломӣ, ҳудудан 1300 сол зиндагӣ кардааст. Ихтилофоти шадиди аҳли суннат ва гурӯҳҳои шиӣ муддати зиёда аз ҳазор сол идома дошта, имрӯз низ, бо назардошти шароити нави сиёсӣ хунсардона давом меёбанд. Мазҳаб ва фирқаҳои мухталифи исломӣ ҳанӯз дар асрҳои миёна байни ҳам дар рақобати шадиди идеологӣ ва сиёсӣ қарор гирифта, боиси маргу мири мардуми бегуноҳ мегардиданд. Низоъҳои динӣ-мазҳабӣ дар қолаби мафкураҳои суннатӣ (аҳли суннат ва ҷамоат) ва шиӣ (дар мисоли шиии исмоилӣ ва ташаюи исноашарӣ) дар замони Ғазнавиёну Салҷуқиён шиддат гирифта, дар даврони Шайбониён ва Сафавиён ба авҷи баланд расида, ду ҷуғрофиёи бузург (Мовароуннаҳру Эрон)-ро муқобили ҳам қарор дод.Хирадситезӣ ва ақлзудоӣ меҳвари кори ҳукуматҳои динӣ-мазҳабӣ гардида, дар асоси ҷаҳолат ва хурофоти динӣ рӯҳияи миллӣ ва илмӣ дар ҷомеа шикаста мешуд. Дар майдони муҳорибаи сиёсӣ ва мафкуравӣ муборизаи беамони ду қутб -- диният (дар симои салтанати динӣ-мазҳабӣ ва рӯҳонияти исломӣ) ва дунявият (дар мисоли мутафаккирону озодандешони миллӣ) ҷараён гирифт ва дар натиҷаи набарди нобаробар ҳазорон-ҳазор андешамандони тоҷик ҷони худро аз даст доданд, вале рӯҳи илмӣ ва дунявиро дар баробари тафаккуроти хурофотӣ набохтанд. Қатъи назар аз он ки дар асрҳои миёна, чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб дастгоҳҳои таҷассусии динӣ (дастгоҳи тафтиши ақоид ё ба истилоҳ, инквизитсия) ба озору куштори озодманишону дигарандешон машғул буд, донишмандони озода алайҳи хурофоту таассуби динӣ ва умуман, низоми пӯсидаи мазҳабӣ ҷасоратмандона мубориза мебурданд. Рубоии зайл вазъи асафбори замони таассуби диниро инъикос мекунад:
Бар даст бубаста ҷаҳлу фарёд кунем,
Мушкил пайи мушкилот эҷод кунем.
Бо ҷаҳлу таассубу хурофоти азим,
В-ин умри азизи хеш барбод кунем.
Дигар ин ки ҷаҳолатмаобон ва хурофаандешон тайи замони тӯлонӣ (ва ҳатто имрӯз) бо ҳувияти миллӣ хирадгаройӣ дар набард шуда, барои шикастан ва заиф сохтани суннатҳои миллӣ, урфу одатҳои бумӣ, таҳқири миллият, пойин бурдани манзалати забони тоҷикӣ, беэътиноӣ ба дастовардҳои илмӣ, зидди тараққиёту инкишоф овоз баланд кардани рӯҳонияти исломӣ, пушти по задани асолати ватандорӣ ва билохира ба куфру бидъат муттаҳам кардани донишмандону мутафаккирони миллӣ ва ҷаҳонӣ саъю талоши фаровон варзида ва меварзанд. Дар суҳбати устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ нимшӯхию нимҷиддӣ ва кинояомез садо додани мисраи «Дар Фаранг аз бехарӣ муҳтоҷи роҳи оҳананд, Мо, ки хар дорем…» баёнгари вазъи пӯсидаи низоми динӣ-мазҳабӣ мебошад, ки бар пояи ҷаҳлу таассуб сохта шуда, алайҳи тараққию пешравӣ аст.
Дар муқобили ин, низоми дунявӣ қарор дорад, ки бурду муваффақияти он дар симои мамлакатҳои аврупоӣ чун рӯзи равшан инъикос ёфтааст. Дар кишварҳои аврупоӣ бартарият бар илму дониш ва фаросату фазилати инсонӣ дода мешавад. Илова бар ин, адёну мазоҳиби гуногун дар фазои озод амал карда, фаъолияташонро дар асоси қавонини давлати дунявӣ ба роҳ мемонанд. Баробарии адён ва мазоҳиб шарти усулии низоми дунявӣ аст. Ягон дин ва мазҳабе ҳукми бартариро дар баробари мазоҳиби дигар надорад ва ҳуқуқи таҳмили таълимоти динӣ бар ҷомеа мамнӯъ аст. Муҳимтар аз ҳама, давлатҳои дунявии аврупоӣ дар асоси ақлу дониш ва илму маърифат тасмим мегиранд. Баръакси инҳо, низом ва режимҳои динӣ-исломӣ барномаҳои зиндагиро бар пояи эҳсосоту тасаввурот ва хурофоти мазҳабӣ тарҳрезӣ мекунанд. Дар як қиёси маъмулию одӣ метавон бартарияти комили низоми дунявиро бар системаи салтанати динӣ ошкор кард. Хулласи калом, пешравию тараққиёти Ғарб, ки бар донишу илми инсонӣ мусаллат аст, бар хушкандешии мазҳабии шарқӣ, ки рӯйи таассубу хурофот тамаркуз мекунад, пеши назари ҳар кӣ чашми бино дорад, ҳувайдост.
- Агар мумкин бошад, ин ду мафҳумро мушаххастар шарҳ медодед.
- Бошад, аз лиҳози истилоҳӣ ба ин ду категорияи сиёсӣ наздик мешавем. Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: аввалан, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳою масоҷиди динӣ ба дунявӣ, сониян, мусодираи амволи муассисоти динӣ ва интиқоли он ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва солисан, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин минвол, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисоти шаҳрвандӣ супурдан ва дар маънои маҷозӣ, аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Он, чуноне ки қаблан ишора кардем, дар муқобили клерикализм (аз вожаи лотинии klericalismба маънои калисоӣ истифода шуда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро дар назар дорад, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад) қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад ва нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва давлатдорӣ коҳиш медиҳад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ бар асоси таҷрибаҳои асрҳо ҳосилкарда хуб медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва маъмуронаш: поп, кардинал, архиепископ, епископ, кашиш, роҳиб ва амсоли онҳо чӣ корҳои зишту шанеъеро анҷом дода, зулму истибдодро ба унвони меъёри сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ густариш дода буданд. Аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.
- Дар кишварҳои мусулмонӣ ин вазъият, яъне таваҷҷуҳ ба диният ва дунявият дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Ба сабаби камогоҳӣ ва ҷаҳолатписандӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои миёна хирадситезӣ ё ба қавли муҳаққиқон, «яксӯнигарӣ» дар фазою муҳити иҷтимоӣ салтанат дошт. Хирадситезӣ ва ҷаҳолатпарастӣ дар Дорулислом (Бағдод) падид омада, минбаъд Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дигар сулолаҳо онро идома доданд. Ба қавли муаррихони илм, фарогирии илмҳои ғайридинӣ ва фалсафӣ дар мадрасаҳои ҳавзаи хилофат (аз ҷумла, ҳалқаҳои тадрисии Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон) мамнӯъ шуда, танҳо омӯзиши улуми нақлӣ-динӣ иҷозат дода мешуд. Муаррихи маъруфи илм Ҷорҷ Сартон омили нузул ва пойинравии илмии мусулмононро дар «ойини мадрасӣ» (scholasticism – схоластика) дида, дар ин боб навиштааст: «Мардуми Шарқу Ғарб дар маърази озмоиши бузурги ойини мадрасӣ (scholasticism) қарор гирифтанд, мардуми Ғарб аз он бадар омаданд, вале Шарқиён шикаст хӯрданд». Ойини мадрасӣ бартарияти улуми диниро бар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва фалсафӣ тасдиқ мекард ва дар натиҷа, сабабгори ақибмондагӣ ва вопасзадагии иҷтимоию фикрӣ гардид.Агар ба таърихи иҷтимоии кишварҳои исломӣ, мухтасаран назар андозем, дармеёбем, ки давлат ва ҷомеаҳои мусулмонӣ, аксаран дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро ин тавр баён доштааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунон ки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад».
Имрӯз ҳам ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд.
- Намунаҳои ҳукуматҳои динӣ-мазҳабии муосир қонеъкунандаанд?
- Албатта, не. Маъмултарин намунаҳои низоми динӣ, ки ба мо наздиканд, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳсуб меёбад. Дар Афғонистони ҳамсоя даҳҳо ҳизб ва эътилофоти динӣ-исломӣ вуҷуд дорад, аммо ҷангу даргирӣ, ҳамоно идома меёбад. Қатъи назар аз ибтикороти давлат ва ҳукумати Афғонистон дар кишвар бадбинӣ ва ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ рӯз ба рӯз вусъати тоза касб мекунад ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ афзоиш меёбад. Дар кишварҳое, ки дар онҳо режими исломӣ ҳукмрон аст, бар асари таассуби динӣ анбӯҳи неруи зеҳнӣ, ақлонӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ватанро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад ва нафароне, ки дар дохили мамлакат зиндагӣ мекунанд, доимо мавриди фишор ва таъқиб қарор мегиранд. Низом ва режими исломӣ (дар мисоли исломи шиӣ) имконоти фикрӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва иҷтимоии мардумро маҳдуд намуда, як мамлакати бастаро ба мерос гузоштааст. Неруҳои созандаи илмӣ ва фаннӣ дар ин кишварҳо озодона наметавонанд ба таҳқиқу тадқиқ машғул шаванд. Илова бар ин, режими ҷумҳурии исломӣ маблағҳои бузурги давлатиро, ки сармояи миллӣ маҳсуб меёбад, барои таблиғу густариши режим дар кишварҳои дигар масраф мекунад. Бо қудратҳои ҷаҳонӣ, мисли ИМА, Англия ва амсоли инҳо робитаи хуб надорад ва дар масоили сиёсӣ бештар ба мазҳаб (на раъйи мардум) такя мекунад. Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қариб ҳар рӯз таркишу инфиҷор рух мезанад ва дар натиҷа ҳазорон-ҳазор бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳад ва садҳо нафар захм мебардоранд. Бар асоси зиддияти мазҳабӣ (манзур таассуботи шиӣ ва суннӣ аст) ихтилофот доман зада мешавад ва масоҷиди шиӣ ва аҳли суннат мавриди таҳоҷуми гурӯҳҳои мазҳабӣ қарор мегирад. Ин аст, ки давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ-мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ билкул вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.
- Лутфан бигӯед, ки чаро дини ислом бештар мавриди сӯйистифода қарор мегирад?
- Ҷомеаи мусулмонӣ ва давлатҳои динӣ-теократӣ бештар осебпазиранд ва мавриди сӯйистифода қарор мегиранд, зеро ки маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ононро дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият сохтааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум истифода баранд ва ба бозиҳои хуношом даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи исломӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир, ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва усули бунёдӣ ёфта, дар ин замина роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба «исломи ноб» дида, муборизаро дар шакли тунд ва ифротӣ оғоз бахшиданд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки муборизаҳои динӣ-мазҳабӣ дар шаклу қолабҳои инқилоби исломӣ дар Эрон; тасхири масҷиди бузурги Каъба дар Арабистони Саудӣ; ба вуҷуд омадани нооромиҳо дар минтақаҳои шарқии Арабистони Саудӣ; муқовимат дар баробари ишғоли Афғонистон аз ҷониби Шӯравӣ; қиём алайҳи режими баъс дар Сурия; мухолифати мусаллаҳона бо режими баъсии Ироқ; террори Анвар Содот-раиси Ҷумҳурии Миср; ҳамлаҳои ифтихорӣ ва муборизаи мусаллаҳона алайҳи неруҳои исроилӣ, амрикоӣ ва франсавӣ дар Лубнон; нооромиҳо дар Баҳрайн ва бомбагузориҳо дар Кувайт; шӯриш ва тазоҳурот дар Алҷазоир, Тунис ва Марокаш машруъият пайдо намуданд. Махсусиятҳои фарогиранда, чандмарказӣ ва муҳимтар аз ҳама, мудовимати ҷунбишҳои исломии хусусияти ифротгароёнадошта дар тавсеаю густариши низоми ифротӣ дар манотиқи мухталифи даргир дар шаклҳои нав дар шароити феълӣ низ муассиранд. «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва соири созмонҳои сиёсии исломӣ дар шароити имрӯзӣ тавлидгари асосии низомҳои динӣ-мазҳабии ифротӣ-экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Созмонҳои мазкур на танҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки вазъи куллии ҷаҳонро мағшуш месозанд. Ин аст, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои хатарнок мубориза мебарад ва дар ҳар минтақаи пешрафта садо алайҳи ифротгароён баланд аст. Аммо хадамоти махсуси ғарбӣ, мутаассифона, таври ниҳонӣ муассис, маблағгузор ва тавсеадиҳандаи чунин созмонҳо маҳсуб шуда, танҳо дар лафзу шиор алайҳи онҳо мубориза мебарад.
- Табиист, ки мо низ чун ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ берун аз доираи ҳамаи ин гирудорҳо буда наметавонеа, пас давлати моро, ки дар пайи сохтани давлати дунявӣ қадамҳои устувор мебардорад, чӣ интизор аст?
- Давлати миллии мо бисту шаш сол аст, ки дар роҳи дунявият қадам ниҳода истодааст ва аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба маҷрои нави зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод ҳаракат мекунад. Дунявият ҳамчун мафҳуми фалсафӣ ва сиёсӣ, қабл аз ҳама, маънои эътимод ва эътиқод доштан ба ин дунёро дорад. Дар тасаввури дунявиён, ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар, бидуни бартарият ва афзалият додан ба касе, шароити ибодӣ, фароғату истироҳат ва шуғлу мутолеот таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни созмону ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоваранд.
Ҳамин тариқ, таърих ва таҷрибаи инсонӣ низоми динӣ ва сохтори идоракунии дунявиро баҳои воқеӣ додааст ва нуқтаи бартариятро дар сархатти дунявӣ гузоштааст. Бар асоси таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки халқи тоҷик интихоби худро кайҳо кардааст ва дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми мақбули сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар саргаҳи таҳаввулоту тараққиёт қарор дорад.
- Ташаккур, баро як суҳбати ҷолиб ва фарогир.
Муваффақ бошед.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: